Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопонро бо квотаи лоиҳаи JDS хатм намуданд
ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи ҳисоботии 15 хизматчии давлатӣ- хатмкунандагони магистратураи лоиҳаи JDS барои омода намудани мутахассисон, хизматчиёни давлатии Тоҷикистон бо фаро гирифтан бо таҳсил дар зинаи магистратура дар донишгоҳҳои Ҷопон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Кормандони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ки зинаи магистратураи Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси ороми Ритсумейкаи Ҷопон, Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон, Донишгоҳи Хиросимаи Ҷопон, Донишгоҳи Акитаро хатм намудаанд, бо рӯнамои ҳисоботӣ ва пешниҳоди корҳои таҳқиқотӣ-илмии анҷомдода аз рӯи соҳаҳои мухталиф ва афзалиятнок баромад намуданд.
Дар доираи лоиҳаи JDS барои омода намудани мутахассисон, хизматчиёни давлатии Тоҷикистон давоми солҳои 2009-2023 121 мутахассис барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Ҷопон фиристода шуда, имрӯз дар зинаҳои мухталифи хизмати давлатӣ баҳри рушди ҷомеа фаъолият доранд.
Дар ҷаласа муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон, роҳбари минтақавии Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини хадамоти кадрии вазорату идораҳои калидӣ ва ҳамкор бо ин лоиҳа иштирок намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






