Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид

Декабрь 27, 2023 18:50

ДУШАНБЕ, 28.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти мамлакат таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар иҷлосия оид ба натиҷаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шунида шуд.

Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ оид ба зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатӣ, дастовардҳои иқтисодии пойтахт ва дигар самтҳои фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 ибрози андеша намуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулин ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дастуру супориш дода, таъкид намуданд, ки барои босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ, таъмиру навсозии роҳҳо ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои дар шаҳри Душанбе амалишаванда ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани иншооти ҷашнӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар иҷлосия ҳамчунин таъкид гардид, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ҷиҳати ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ барои навсозии шабакаҳои фарсуда, таҷдиди инфрасохтори барқ дар маҳаллаҳо ва бунёди зеристгоҳҳои нави замонавӣ мунтазам чораҷӯӣ намуда, бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии шаҳр корҳо дар самти пурра ба нақлиёти барқӣ гузаронидани паркҳои нақлиётӣ тақвият дода шаванд.

Ба масъулин ҷиҳати ободу зебо гардидани пойтахт ва тақвият бахшидани маъракаи ниҳолшинонӣ бо ҷалби сокинони пойтахт, инчунин шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, тозаю озода нигоҳ доштани боғу гулгаштҳои ҳудуди пойтахт, ба миқдори зарурӣ захира ва парвариш намудани гулҳои мавсимию ҳархела ва саривақт баровардани партовҳои маишӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Раиси шаҳр ба раисони ноҳияҳои шаҳр супориш доданд, ки якҷо бо Раёсати андози шаҳр дар соли 2024 бо мақсади иҷрои пурраву саривақтии нақшаи андоз, кам кардани бақияпулиҳои андозӣ, таъмин намудани қисми даромади буҷет ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамчунин изҳор гардид, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ, махсусан, дар байни ноболиғону ҷавонон ва қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи замин тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.

Сипас вакилон лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2024 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2022-ро мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба ин, гузориши сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе шунида шуд.

Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати самаранок истифода намудани буҷети шаҳри Душанбе чораҳои саривақтӣ андешида, бобати иҷрои нақшаи даромади он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Вакилон дар идома, масъалаи номгузорӣ намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд.

Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе» пешниҳоди Раиси шаҳри Душанберо дар бораи номгузорӣ намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба номи шоири маъруфи Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи 3 Бозор Собир дастгирӣ ва барои баррасӣ ба иҷлосия пешниҳод намуд. Вакилон пешниҳоди мазкурро дастгирӣ намуда, аз рӯи ин масъала қарори дахлдор қабул намуданд.

Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар самти сиёсати кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Раиси шаҳр ҳамчунин ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 — солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар руйдодҳои муҳими сиёсии дар пешистода, ҳамзамон таҳким бахшидани корҳои ободу зебогардонии пойтахт, рушди самтҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дигар самтҳои ҳаётан муҳим дастуру супоришҳо доданд.

Бо ҳамин иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Декабрь 27, 2023 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ РАВАНДСОЗ. Ин равандҳо фарогири доираи васеи кишварҳо аз чор қитъаи олам- Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико мебошад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ ! Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ПОЙТАХТ — СИМОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Шаҳриёри шаҳри умеду орзуҳо ва идомадиҳандаи роҳи ниёгони некном
ДУШАНБЕИ ДИГАР. Бинои нави Парлумони Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳомоти хоса дорад
ДУШАНБЕ –МУАРРИФИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГ. Сокини пойтахт будан дар баробари ифтихор аз ҳар шахс масъулияти зиёд талаб мекунад
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир мегарданд
Нақши пойтахт дар таҳкими давлатдории навини миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад
Душанбе оинаи миллат ва пайвандгари таърих бо ояндаи давлат аст
Бахшида ба Рӯзи пойтахт Намоиши аксҳои Душанбе ва сайри рӯзноманигорон баргузор гардид
Озмуни «Беҳтарин корхонаи саноатии шаҳри Душанбе» баргузор мешавад