Ҳилолбӣ Қурбонзода дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба анҷоми раёсати Қазоқистон дар Муколамаи занони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Декабрь 5, 2023 14:08

ДУШАНБЕ, 05.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба анҷоми раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Муколамаи занони давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Натиҷаҳои роҳбарии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар соли 2023», ки аз 3 то 4 декабри соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки соли 2022 роҳбарони ниҳодҳои вобаста ба ҳалли масоили марбут ба занон ва оилаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия эъломияеро имзо намуданд, ки дар он уҳдадории занон барои иштироки бештар дар ҳалли масъалаҳои сатҳи байналмилалӣ эълом шудааст.

Имзои санад 13 май дар Ашқобод зимни нишасти нахустин Муколамаи занон дар Осиёи Марказӣ ва Русия доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Курбонзода иштирок дошт.

Дар ин ҳуҷҷат 11 банд мавҷуд аст ва 3-тои аввал ба омодагии занони хизматчии давлатӣ барои иштироки фаъолона дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030, саҳм гузоштан дар суботи ҷаҳонӣ ва ҳифзи муҳити зист бахшида шудаанд.

Қисме аз ин санад ба фаъолияти роҳбарони Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Русия дар заминаи ҳимоят аз заноне, ки тиҷорати шахсии худро доранд, баҳои баланд медиҳад.

Дар доираи эъломия ба аҳамияти заҳматҳои занон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангии халқҳои давлатҳои дахлдор, рушди илму маориф, соҳаи тандурустӣ, санъат ва соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир  шудааст.

Санад ҳамчунин фаъолсозии ҳамкориро дар мубориза бо оқибатҳои пандемия пешниҳод менамояд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2023 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд