ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд

Декабрь 9, 2023 08:36

ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Ҳукумат ба амал баромад, ки дар асоси он соҳибони телефонҳои «ғайриқонунӣ» аз хизматрасонии алоқа истифода бурда наметавонанд. Дастгоҳҳое, ки идентификатори байналмилалии онҳо (IMEI) ба махзани маълумот дохил нашудааст, ғайриқонунӣ ҳисобида мешаванд. Ҳамин тавр, тамоми планшетҳо, смартфонҳо, телефонҳои мобилӣ/функсионалӣ, дастгоҳҳои сафарӣ (портативӣ) ва дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд.

АМИТ «Ховар» бо муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев ва мутахассисони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин мавзуъ суҳбат анҷом дод, ки дар зер манзур мегардад.

АМИТ «Ховар»: IMEI чӣ аст ва имрӯз барои бақайдгирии он чӣ зарурат пеш омадааст?

Илҳомҷон Атоев: Рамзи муайянсозии ягонаи байналмилалӣ (РМЯБ — IMEI), ки аз 15 рақам иборат мебошад, дар ҳамаи воситаҳои мобилии алоқаи барқии дорои слоти SIM-корт мавҷуд буда, фаъолияти SIM – кортро идора менамояд.

Мақсад аз бақайдгирии рамзҳои IMEI – и воситаҳои мобилӣ- ин аз байн бурдани воридоти ғайриқонунии телефонҳо, планшетҳо ва дастгоҳҳои сайёр, сохтани махзани миллии рамзҳои IMEI, пешгирии истифодабарии ғайриқонунии воситаҳои мобилӣ (дар ҳолатҳои дуздӣ ва ё гум шудани онҳо), коҳиш додани шумораи воситаҳои мобилии пастсифат дар мамлакат ва тибқи стандарти алоқаи мобилӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Чаро рамзи IMEI – и таҷҳизот бояд ба Системаи давлатӣ ворид гардад?

Илҳомҷон Атоев: Бақайдгирии рамзҳои IMEI-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ дар асоси Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» аз 22 марти соли 2023, моддаи 16 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ» аз 31 марти соли 2020, банди 6 бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ҳатмӣ мебошад. Ҳамин тавр система имконият дорад, ки ҳолатҳои қочоқи воситаҳои мобилиро бартараф созад.

АМИТ «Ховар»: Соли 2022 ба Тоҷикистон расман чанд дастгоҳи мобилӣ ворид шудааст ва тақрибан чанд рамзи IMEI-и фаъол мавҷуд будааст?

Илҳомҷон Атоев: Дастгоҳҳои мобилӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои телефонӣ барои шабакаҳои алоқаи мобилӣ ё дигар шабакаҳои алоқаи бесим соли 2022 60 876 адад воридот шудааст. Бояд гуфт, ки то 1 октябри соли 2023 зиёда аз 17 миллион рамзи IMEI-и воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба таври автоматӣ ва ройгон ба рӯйхати сафеди Системаи давлатӣ ворид шудааст. Ин шумораи умумии дастгоҳҳои мобилӣ нест, зеро як дастгоҳи мобилӣ метавонад ду ва зиёда рамзи IMEI дошта бошад.

Аз 1 октябри соли 2023 Системаи давлатӣ пеш аз ба рӯйхати сафед ворид намудани рамзҳои IMEI-и телефон, планшет ва дастгоҳҳои сайёр дар аввал мавҷуд будани декларатсияи гумрукиро талаб менамояд. Дар сурати мавҷуд будани декларатсияи гумрукӣ Системаи давлатӣ рамзҳои IMEI-и воситаи мобилиро ба таври ройгон ба рӯйхати сафед ворид менамояд.

Қобили тазаккур аст, ки Системаи давлатӣ танҳо декларатсияи гумрукии телефон, планшет ва дастгоҳҳои сайёрро тафтиш менамояд. Дигар воситаҳои мобилӣ, аз қабили соатҳои дастӣ, ноутбук, телевизор, модем, роутер, китобҳои электронӣ ва дигар дастгоҳҳое, ки бо симкорт фаъолият менамоянд, ба таври автоматӣ ва ройгон ба рӯйхати сафеди Системаи давлатӣ ворид мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Муҳлати муайяншуда барои воридсозии рамзҳои IMEI – и телефон, планшет ва КПК ба Системаи давлатӣ дар Тоҷикистон?

Илҳомҷон Атоев: Барои бақайдгирӣ аз лаҳзаи пайвастшавии аввал ба шабакаи операторони мобилӣ 30 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.

АМИТ «Ховар»: Агар рамзи IMEI-и телефони мобилӣ дар рӯйхати хокистарранг қарор дошта бошад, дар ин ҳолат шаҳрванд бояд чӣ кор кунад?

Илҳомҷон Атоев: Шаҳрванд бояд таҷҳизоти худро аз расмиёти гумрукӣ гузаронад. Аз лаҳзаи тасдиқи гузаштани расмиёти гумрукӣ рамзҳои IMEI-и воситаи мобилӣ дар Системаи давлатӣ ба рӯйхати сафед ворид мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Хадамоти алоқа дар деҳотҷой ин иқдомро чӣ гуна анҷом медиҳад?

Илҳомҷон Атоев: Ин иқдом барои ҳамаи шаҳрвандон якхела татбиқ мегардад. Баъдан амалиёти гузаштан аз расмиёти гумрукӣ ҳангоми ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд гузаронида шавад.

Дар баробари ин зиёда аз 152 маркази хизматрасонии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» ва 92 маркази ширкати мобилии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «О мобайл» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои қабули шаҳрвандон ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ омода мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Бисёр шаҳрвандон ба мо занг зада, шикоят менамоянд, ки ҳангоми фиристодани USSD дархости *3366# Рамзи IMEI –и таҷҳизот дар Системаи давлатӣ муайян нест. Чаро чунин аст?

Илҳомҷон Атоев: Зеро ин дархост аз рақами телефон фиристода мешавад ва рамзҳои IMEI – е нишон дода мешаванд, ки бо ҳамин рақами телефон дар Системаи давлатӣ сабт гардидаанд. Ин ҳолат ҳангоми бо ҳамин рақами телефон сабт нагардидани ягон рамзи IMEI ба вуқуъ меояд.

АМИТ «Ховар»: Барасмиятдарории гумрукии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ чӣ тавр гузаронида мешавад?

Хадамоти гумрук: Барасмиятдарории гумрукии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ аз ҷониби воридоткунандагон тариқи электронӣ бо истифода аз портали ягонаи Системаи давлатӣ, ҳангоми воридоти воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Пардохтҳо барои барасмиятдарорӣ ба тариқи ғайринақдӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ, аз ҷумла ҳамёнҳои электронӣ амалӣ мешаванд. Ҳангоми барасмиятдарории воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ шаҳрвандон ба буҷети ҷумҳурӣ ААИ ва хироҷи гумрукӣ пардохт менамоянд.

Бояд иброз намуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 «Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути Сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва содагардонидашуда», шахсони воқеӣ ҳангоми воридоти молҳои (ба истиснои воситаҳои нақлиёти) барои фаъолияти истеҳсолӣ ва ё соҳибкорӣ таъйиннагардида, ки арзиши умумиашон аз маблағи баробар ба 1000 доллари ИМА (агар як намуди мол ва ё маҷмуи як намуди мол бошад — аз маблағи баробар ба 2000 доллари ИМА) ва вазни умумиашон аз 50 кг зиёд намебошанд, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо пурра озод шудаанд. Дар ҳолати зиёд будани воридоти молҳо аз меъёрҳои дар боло дарҷшуда аз қисмати зиёдбудаи мол аз рўи меъёри ягонаи пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 20 фоиз аз арзиши гумрукии онҳо пардохтҳои гумрукӣ рўёнида мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки арзиши гумрукии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ чӣ гуна муайян мешавад ва соли 2023 аз тарафи кормандони мақомоти гумрук чанд ҳолати интиқоли ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ ошкор шудааст?

Хадамоти гумрук: Арзиши гумрукии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи боби 42-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад.

Бояд дарҷ намуд, ки давоми 11 моҳи соли 2023 аз тарафи кормандони мақомоти гумрук 11 ҳолати интиқоли ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ ба миқдори 223 адад ва 2 ҳолати интиқоли ғайриқонунии аксессуарҳо барои телефонҳои мобилӣ ба миқдори 3013 дона ошкор шудааст. Аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба суд ирсол шуданд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло ва бо мақсади иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқи барқӣ» аз 31 марти 2020 Хадамоти гумрук дар доираи салоҳияти худ минбаъд низ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2023 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН САРПАРАСТИ БОЗ ЯК ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад
«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳарро ба ҳузур пазируфтанд
ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек дар ин маврид
Президенти Тоҷикистон ҳушдор доданд: «Эҳтимолан чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордии вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»
БА ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН» 30 СОЛ ПУР ШУД. 72 фоизи боркашонӣ дар мамлакат тавассути роҳи оҳан амалӣ мегардад
ГАРМОИ ШАДИД ДАР САЙЁРА. Он раванди даврии табиат аст ва ё таъсири инсон ба муҳит?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера ва ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ аз нишонаҳои он аст
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»