Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи рӯзнома дар ҷаласаи Шуро 34 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аъзои Шуро бо тартиби муқарраргардида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», ки дар шакли қонунҳои мукаммал қабул шудаанд, инчунин Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи ҷаласа рафти иҷрои Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020, лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода ва дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия бозхонд намудани Азизулло Исматзода мавриди муҳокимаи аъзои Маҷлиси миллӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»











Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






