«ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-НЕРУИ БУЗУРГУ ПЕШБАРАНДА». Дар Хуҷанд ба муносибати солгарди таъсиси ҳизб ҷаласаи тантанавӣ доир гардид

Декабрь 8, 2023 10:41

ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 29-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- неруи бузургу пешбаранда» маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар медиҳад. 

Нахуст меҳмонон бо намоиши маҳсулоти хоҷагии ёрирасони назди кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намоиши дастовардҳои кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ дар вилояти Суғд шинос шуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иброз дошт, ки воқеан роҳи паймудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати поягузории идеологияи давлатдории миллӣ давоми 29 сол мушкилу пурпечутоб, аммо бошарафона буд. Дар ин муддат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон борҳо ҳизби халқ будани худро дар амал собит намуд. Исбот намуд, ки тамоми афкору маънавиёташ аз қаъри дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалаш ба манфиати халқ равона шудааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти мамлакат буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад».

Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 29 соли фаъолият имкон фароҳам овард, ки ҷомеаро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамо бошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами он  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалигардонии ормонҳои мардум тавонист нақши мондагор гузорад. Нақши ин ҳизби сиёсӣ дар рушди иқтисодиёти навини Тоҷикистон беназир буда, талошҳои барномавии он ба зиндагии шоистаи мардум равона гардидаанд.

Дар идомаи маҷлис як зумра фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ бо сипосномаҳо, медали ҷашнии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Декабрь 8, 2023 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд