Кишоварзони вилояти Хатлон ба мавсими нави кишт омодагӣ мегиранд
ХАТЛОН, 17.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кишоварзону хоҷагидорон ба мавсими нави кишту кор омодагӣ мебинанд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Бо мақсади татбиқи амалии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кишоварзӣ сокинони вилояти Хатлон аз тамоми имконияти мавҷуда ба таври васеъ истифода менамоянд.
Дар ин самт яке аз омилҳои асосии рушд- ин таъмини саривақтии хоҷагидорону кишоварзон бо оби полезӣ мебошад. Масъулину мутахассисони Раёсати беҳдошт замин ва обёрии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо идораҳои зертобеи худ дар шаҳру ноҳияҳо барои омода намудани шабакаҳои обтаъминкунӣ дар мавсими нави обёрӣ то имрӯз корҳои заруриро ба анҷом расонидаанд. Дар баробари вусъати корҳои омодагӣ, бахусус тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва таъмини пойгоҳҳои обкашӣ ҳамзамон ҷиҳати обмонии захиравӣ дар майдонҳои киштшаванда ва боғу токзор хоҷагидоронро бо оби полезӣ ба таври ройгон таъмин менамоянд.
Ҷайҳун аз калонтарин ноҳияҳои кишоварзӣ дар вилояти Хатлон маҳсуб шуда, дорои зиёда аз 18 ҳазор 700 гектар замини корами обӣ мебошад, ки ҳамасола аз он кишоварзон ҳосили фаровони маҳсулоти гуногун ба даст меоранд. Майдони беш аз 8500 гектар тавассути 34 пойгоҳи обкашӣ шодоб гардонида мешавад, ки имрӯзҳо мутахассисони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар ин самт корҳои таъмириро идома дода, барои мавсими нави кишту кор омодагӣ мегиранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






