Клуби «Ҳоҷӣ Шариф» барандаи медали нуқраи «Jenys Cup 2023» гардид

Декабрь 22, 2023 10:16

ДУШАНБЕ, 22.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф» дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ байни клубҳо «Jenys Cup 2023» сазовори ҷои дуюм гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Мусобиқа байни мардон 21 декабр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуда, рақобатҳо дар вазнҳои -66кг, -73кг, -81кг, -90кг ва +90кг доир шуда, дар он 17 клуб аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Русия, Беларус, Туркия, Испания, Муғулистон ва Фаронса иштирок намуданд.

Клуби «Ҳоҷӣ Шариф» дар финал аз клуби «Шеварденӣ»-и Гурҷистон мағлуб шуд. Ду ҷои сеюмро дастаҳои «Эделвейс» (Русия) ва «Женус» (Қазоқистон) гирифтанд.

Ба ҳайати клуби «Ҳоҷӣ Шариф» Муллораҷаб Халифаев (-66кг), Абубакр Шеров, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-73кг), Қурбон Кудиев (-81кг), Умедҷон Раҷабов (-90кг) ва Мансур Раҳмон (+90кг) шомил буданд.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, ба ғолиб 30 ҳазор доллари ИМА, ҷои 2-юм – 20 ҳазор ва ду ҷойи сеюм 10 ҳазор доллар тақдим шуд. Инчунин беҳтарин ҷудочӣ, беҳтарин техника ва гаронарзиштарин иштирокчӣ муайян ва бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Декабрь 22, 2023 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид