ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 05.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 декабр бозии даври охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ баргузор мегардад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 21:00 шаб оғоз мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Хотиррасон мешавем, ки дар ҳоли ҳозир дар ҷадвали гурӯҳи «Е» дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо 13 имтиёз дар мақоми аввал буда, роҳхати даври плей-оффро соҳиб шуд. Дастаи «Персеполис»-и Эрон бо 8 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. Дастаи «Ал-Дуҳайл»-и Қатар бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм ва дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ду имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷой гирифтааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






