Манучеҳр Сафаров ба дастаи футболи «Нефтчӣ»-и Фарғонаи Узбекистон гузариш намуд
ДУШАНБЕ, 11.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Сафаров фаъолияти худро дар Суперлигаи Узбекистон дар ҳайати дастаи футболи «Нефтчӣ»-и Фарғона идома медиҳад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манучеҳр Сафаров бо дастаи футболи «Нефтчӣ»-и Фарғонаи Узбекистон шартномаи дусола баст. Дар ин даста Манучеҳр Сафаров бо ҳимоятгари дигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев, ки ахиран шартномаашро бо дастаи «Нефтчӣ» тамдид намуд, бозӣ менамояд.
Хотиррасон мешавем, ки ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон мавсими 2023-ро дар ҳайати дастаи «Локомотив», дар Про-Лигаи Узбекистон гузаронида, 13 бозӣ анҷом дода, як гол задааст.
Қаблан Манучеҳр Сафаров дар дастаҳои футболи «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Локомотив-Помир», «Истиқлол» ва «Персеполис»-и Эрон ҳунарнамоӣ намудааст.
Манучеҳр Сафаров аз соли 2019 дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ намуда, дар ин муддат 30 бозӣ анҷом додааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






