Масъалаи дар асоси шартнома бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагони вазоратҳои шуғл ва меҳнат, адлия, корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея, Хадамоти рушди захираҳои инсонии Корея ва Хадамоти иттилоотии шуғли Корея аз 5 то 8 декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо ҳайати Корея мулоқот намуда изҳор дошт, ки масъалаи диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи хоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат қарор дошта, дар ин самт фаъолият ба таври густурда амалӣ шудааст.
Аз ҷумла, корбарӣ ҷиҳати ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор (EPS) дар Ҷумҳурии Корея, ки имкон медиҳад шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси шартнома дар Ҷумҳурии Корея бо кор таъмин шаванд, идома дорад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо имконияти омода намудани мутахассисонро барои кор дар Ҷумҳурии Кория мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, мулоқоти роҳбарони сохторҳои вазорат бо ҳайати меҳмонон доир шуда, аз фаъолияти сохторҳои вазорат рӯнамоҳо пешниҳод шуданд.
Ҷиҳати шиносоии бештар бо фаъолияти муассисаҳо оид ба омода намудани қувваи корӣ дар хориҷи мамлакат ҳайати Ҷумҳурии Корея бо МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа», «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» ва «Коллеҷи муҳандисию омӯзгорию шаҳри Душанбе» шинос гардид.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд






