МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Турб давои илтиҳоби роҳи нафас, сил ва сулфа мебошад

Декабрь 31, 2023 10:57

ДУШАНБЕ, 31.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Турб сабзавоте аст, ки истеъмоли оби он ҷудошавии шираи меъдаро метезонад ва ҳазми хӯрокро дар организм беҳтар намуда, кори рӯдаро тақвият мебахшад ва ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат менамояд. Абӯалӣ ибни Сино турби дар асал хобондаро ҳангоми илтиҳоби роҳи нафас, сил ва сулфа бисёр давои фоидаовар фармудааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, истеъмоли оби турб мубодилаи моддаҳоро дар организм метезонад. Турб оби зиёд, вале калорияи паст дорад. Ҳамзамон чун хӯриш истеъмол намудани он ба организм фоидабахш аст. Хӯрдани турбро барои узвҳои даруни сина, паҳлу ва сипурз мувофиқ мешуморанд. Инчунин тухмашро агар ҳар рӯз бихӯранд, ба ин узвҳо фоида мебахшад.

Табиби машҳур Ибни Мосавия гуфтааст: «Оби турбро бинӯшанд, таомро ҳазм менамояд, гиреҳҳои рагҳоро дар ҷигар ва сипурз мекушояд; ба истисқо, иллатҳои сипурз ва зардпарвин фоида дорад; тухмаш бодҳои дарунро пароканда менамояд, иштиҳо меоварад, пасмондаи ғизоро ба зудӣ аз рӯдаҳо берун меронад ва барои дарди ҷигар нафъ дорад».

Агар хӯроки вазнин истеъмол намуда, аз болояш 2,5 г тухми турбро хоида бихӯранд, онро зуд ҳазм менамояд. Ҳар рӯз аз тухмаш як маҳал 2 — 3 г бихӯранд, дарди пайвандҳо (буғумҳо)-ро ба ислоҳ меоварад ва хориши баданро, ки сабабаш бисёр ҷамъ шудани балғам бошад, нест мекунад. Худи турбро низ бихӯранд, ин бемориҳоро рафъ месозад.

Дар «Канзи шифо» омадааст, ки агар турбро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, сулфаи кӯҳнаи чандвақтаро шифо ва дарди гулӯро сиҳат менамояд. Турб барои меъда бо як хислаташ зарарнок аст, ки оруғ меоварад. Таом хӯрда, аз болояш турб истеъмол намоянд, шикамро мулоим мекунад ва барои ғизоро ба узвҳои бадан фиристодан кумак медиҳад.

Тавре табибон тавсия медиҳанд, турб барои иваз намудани норасоии витаминҳо ва намакҳои минералӣ дар бадан хеле муфид аст. Он хусусияти қавии зиддимикробӣ дошта, шарбаташро барои фаъолияти дурусти рӯда ва мустаҳкамкунии мӯй истеъмол менамоянд. Ин сабзавот ба системаи ҳозимаи инсон таъсири мусбат расонида, итеъмолаш атеросклероз, варамҳо, пайдоиши сангҳо дар роҳҳои пешобро бартараф месозад. Ҳамзамон дар тибби халқӣ турби аз турбтарошак баровардаро барои рафъи радикулит истифода мебаранд.

Турб сабзавоте аст, ки ҳарорати баданро ба меъёр меорад. Он ҳарорати баданро фароварда, сардиҳоро, ки аз ҳарорати пешбинишуда ба вуҷуд омадаанд, бартараф месозад. Дар ин ҳолат ба оби турб камтар намак андохта, нӯшидан фоидабахш аст. Инчунин турб бар зидди сироятҳое, ки ҳароратро мебардоранд, мубориза мебарад. Шарбати турбро бо сабзӣ, лаблабу ҳамроҳ намуда истеъмол намоянд, барои камхунӣ воситаи хуб мебошад.

Мутахассисони соҳаи тиб хӯрдани турбро дар ҳолатҳои зерин тавсия намедиҳанд: дар вақти ҳомиладорӣ, илтиҳоби рӯдаи ғафс ва борик, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, бемориҳои ҷигар ва гурда (ба истиснои ҳолатҳои ташаккули санг), дар гастрит бо кислотаи баланд. Одамоне, ки чанде пеш сактаи дил (инфаркт)-ро аз сар гузаронидаанд, набояд турбро аз меъёр зиёд истеъмол намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 31, 2023 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Қабули Конститутсия марҳалаи муҳимми рушди давлатдории муосири тоҷикон аст
Конститутсия-пояи давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Конститутсия барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи асосӣ мебошад