МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ пешгирӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 17.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Солҳое ҳастанд, ки аз моҳи октябр то декабр дар онҳо бориши кам ба назар мерасад. Моҳи аввали зимистони имсола гарм ва камбориш сипарӣ гардид, аз ин рӯ дар боғҳо гузаронидани обмонии захиравӣ, яхобмонӣ ва башаклдарории дарахтон хеле зарур ва саривақтӣ мебошад. Ҳамин маъракаи яхобмонӣ дар оянда дар фасли гармо метавонад ба нашъунамои растаниҳо таъсири хуб расонад. Чунин баён дошт доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба мухбири АМИТ «Ховар».
Ба гуфти Ҳикматулло Назиров, дар натиҷаи яхобмонӣ шӯрии хок кам шуда, замин намиро беҳтар мекашад, микроорганизм ва ҳашароти зараррасон нобуд мегарданд. Хуб мешавад, ки дар ин фасл мо якчанд рӯз пайи ҳам обёриро таъмин намоем.
«Агар хоҷагидорон обмонии захиравӣ ва яхобмониро сари вақт гузаронанд, дарахтон дар зимистон боз карахттар шуда, дертар ба нашъунамо оғоз менамоянд. Заминҳои лалмиро бояд шудгор ва атрофи дарахтонро нарм намоем. Вақте ки барфу борон меборад, бояд ҳатман заминҳои лалмиро барфпӯш ва онро зер намудан зарур аст»,- изҳор дошт коршинос.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масъала 26 декабри соли 2019 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба яхобмонӣ сухан намуда, иброз доштанд, ки «бояд деҳқонон ба ин масъала диққати махсус зоҳир намуда, сари вақт ба заминҳо яхоб монанд. Зеро яхобмонӣ манфиати зиёд дошта, дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ пешгирӣ менамояд».
Олимони соҳаи кишоварзӣ чунин мешуморанд, ки аҳамияти яхобмонӣ аз он иборат аст, ки об дар бехи дарахтон захира шуда, ба ин восита касалиҳои хок ва ҳар гуна ҳашарот нобуд мешаванд.
Ба андешаи доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, манфиати яхобмонӣ дар он ифода меёбад, ки давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу ба қафо партофта шуда, имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Ӯ чунин мешуморад, ки вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард.
Ҳикматулло Назиров илова намуд, ки корҳои дигаре, ки иҷрои онҳо дар фасли зимистон бисёр муҳим аст, ин башаклдарории дарахтони боғҳои навбунёд, буридани навдаҳои дарахтони ҳосилдиҳанда, шудгори байни дарахтон, ба танзим даровардани ҳосилнокии онҳо ва додани нуриҳои органикию маъданӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки меъёри яхобмонӣ аз таркиби хок ва чуқурии обҳои зеризаминӣ вобаста буда, он шуруъ аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид






