Милитсияи шаҳри Душанбе миқдори зиёди пиротехникиро мусодира намуд
ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шумораи махсусан зиёди маводи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира гардида, пеши роҳи паҳншавии он гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин раёсат хабар медиҳад.
Ҳамчун гумонбар шаҳрвандон: Назаров Некрӯз Сунатуллоевич, санаи таваллудаш 31 декабри соли 1993, Муҳиддинов Зоҳир Тоҳирович, санаи таваллудаш 30 декабри соли 1993, Меликов Баҳрулло Абдурашидович, санаи таваллудаш 19 январи соли 1993, Мирзоев Бахтиёр Маҳмадсаидович санаи таваллудаш 23 декабри соли 1993, Баротов Абдулло Ибодуллоевич, санаи таваллудаш 27 июни соли 1995, Муродов Ардашер Рамазонович, санаи таваллудаш 28 октябри соли 1997 дастгир шуданд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки гумонбаршаванда Некрӯз Назаров маводи тарфгариро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намуда, бо дигар ҳаммаслакони худ аз фурӯш ва паҳнсозии он фоида ба даст оварданӣ будаанд.
Ҳангоми кофтуков аз мошини номбурда дар 816 қуттӣ дар ҳаҷми 489 600 дона маводи тарфгарӣ-тарконакҳои навъи «Трения с новым годом» мусодира шуд.
Инчунин дар идомаи корҳои фаврӣ-ҷустҷӯӣ шаҳрванд Самадов Аминҷон Зарифҷонович, санаи таваллудаш 27 феврали соли 1999, истиқоматкунандаи вилояти Суғд, ноҳияи Б.Ғафуров дастгир шуд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар анборхонаи худ оташфаввораҳои дастгиршуда-Назаров Некрӯзро пинҳон намудааст, ки зимни кофтуков дарёфт ва мусодира шуданд.
Ҳоло вобаста ба ин ҳолат санади зарурӣ тартиб дода шуда, тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз соли 1998 инҷониб дар Тоҷикистон бо назардошти хавфнокӣ ва оқибатҳои нохуш доштан, чун оташангезӣ ва ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштан муомилоти маводи тарфгарӣ манъ шудааст. Новобаста ба ин ҳамасола дар арафаи соли нав аз ҷониби сокинон ба мамлакат ин гуна мавод ворид гардида, наврасон дар маҳалҳои истиқоматӣ ба инфиҷори маводи тарфгарӣ даст зада, оромии аҳолиро халалдор месозанд. Аз ин рӯ, мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки ба хотири ба даст овардани манфиати пулӣ меъёрҳои манъкунандаи қонунро сарфи назар насозанд.
Ҳамчунин волидонро зарур аст, ки дар ин самт фарзандонро назорат намуда, оқибати нохуш доштани чунин амалро фаҳмонанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






