Милитсияи шаҳри Душанбе миқдори зиёди пиротехникиро мусодира намуд

Декабрь 11, 2023 15:53

ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар натиҷаи гузаронидани  чорабиниҳои фаврӣ-ҷустҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шумораи махсусан зиёди маводи тарфгарӣ  дарёфт ва мусодира гардида, пеши роҳи паҳншавии он гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин раёсат хабар медиҳад.

Ҳамчун гумонбар шаҳрвандон: Назаров Некрӯз Сунатуллоевич, санаи таваллудаш 31 декабри соли 1993, Муҳиддинов Зоҳир Тоҳирович, санаи таваллудаш 30 декабри соли 1993, Меликов Баҳрулло Абдурашидович, санаи таваллудаш 19 январи соли 1993, Мирзоев Бахтиёр Маҳмадсаидович санаи таваллудаш 23 декабри соли 1993, Баротов Абдулло Ибодуллоевич, санаи таваллудаш 27 июни соли 1995, Муродов Ардашер Рамазонович, санаи таваллудаш 28 октябри соли 1997 дастгир шуданд.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки гумонбаршаванда Некрӯз Назаров маводи тарфгариро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намуда, бо дигар ҳаммаслакони худ аз фурӯш ва паҳнсозии он фоида ба даст оварданӣ будаанд.
Ҳангоми кофтуков аз мошини номбурда дар 816 қуттӣ дар ҳаҷми 489 600 дона маводи тарфгарӣ-тарконакҳои навъи «Трения с новым годом» мусодира шуд.

Инчунин дар идомаи корҳои фаврӣ-ҷустҷӯӣ шаҳрванд Самадов Аминҷон Зарифҷонович, санаи таваллудаш 27 феврали соли 1999, истиқоматкунандаи вилояти Суғд, ноҳияи Б.Ғафуров дастгир шуд.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар анборхонаи худ оташфаввораҳои дастгиршуда-Назаров Некрӯзро пинҳон намудааст, ки зимни кофтуков дарёфт ва мусодира шуданд.

Ҳоло вобаста ба ин ҳолат санади зарурӣ тартиб дода шуда, тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз соли 1998 инҷониб  дар Тоҷикистон бо назардошти хавфнокӣ ва оқибатҳои нохуш доштан, чун оташангезӣ ва ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштан муомилоти маводи тарфгарӣ манъ шудааст. Новобаста ба ин ҳамасола дар арафаи соли нав аз ҷониби сокинон ба мамлакат ин гуна мавод ворид гардида, наврасон дар маҳалҳои истиқоматӣ ба инфиҷори маводи  тарфгарӣ даст  зада,  оромии аҳолиро халалдор месозанд. Аз  ин рӯ, мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки ба хотири ба даст овардани манфиати пулӣ меъёрҳои манъкунандаи қонунро сарфи назар насозанд.

Ҳамчунин волидонро зарур аст, ки  дар ин самт фарзандонро назорат намуда, оқибати нохуш доштани чунин амалро фаҳмонанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Декабрь 11, 2023 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Сафири Олмон вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия баррасӣ гардид
Дар шаҳри Душанбе шуъбачаи миллитсияи сайёҳӣ ташкил гардид
ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
Дар Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
Дар Душанбе мулоқоти роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
4364 САДАМАҲОИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР 4 СОЛ. Чӣ тавр пеши роҳи ин ҳодисаҳои нохушро бигирем?
Тоҷикистон дар муборизаи муштарак ба муқобили ҷиноятҳои фаромиллӣ фаъолона иштирок мекунад
Дар Душанбе ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Дар Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд