«МОҲИИ ТИЛЛОӢ». Дар Душанбе барои кӯдакон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Моҳии тиллоӣ» барномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдакона доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Намоиши фарҳангӣ-фароғатии кӯдакона бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои наврасони пойтахт баргузор шуд.
Дар он 2500 кӯдаки ятим, нимятим, аз оилаҳои ниёзманд ва наврасони фаъоли пойтахт иштирок доштанд.
Воқеаву рӯйдодҳои намоиши “Моҳии тиллоӣ” дар саҳнаи Сирки давлатӣ бо ороишоти афсонавӣ ба таври хотирмону таъсирбахш доир шуда, он аз ҷониби ансамблҳои рақсии кӯдаконаи «Ғунчаҳои пойтахт», «Лаъл», «Меҳрона», «Гулрез», «Зебо», Мактаби бачагонаи санъат ба номи Аминзодаи назди Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, дастпарварони Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, Сирки давлатӣ ва дигар марказҳои фарҳангиву таҳсилотии пойтахт пешниҳод гардид.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе










«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






