Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъ ба мавсими сармо омода аст
ДУШАНБЕ, 03.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъ барои гузаронидани зимистони солҳои 2023 – 2024 ҳамаҷониба омодагӣ дидаанд. Алҳол дар тавозуни муассиса 275, 2 километр роҳ мавҷуд аст, ки аз ин 42 километр роҳҳои байналмилалӣ, 67 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 166,2 километр роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.
Тавре сардори муассиса Қурбон Ҳукматуллоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, барои гузаронидани фасли зимистон дар айни замон дар муассиса 350 метри мукааб маводи зидди лағжиш, 2400 литр сӯзишворӣ ва 7 куб ҳезум захира шуда, инчунин 10 механизми роҳдорӣ омода мебошанд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки моҳи октябри соли равон дар Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо кумаки техникаҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия беш аз 4 километр роҳи маҳаллӣ пурра асфалтпӯш гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки бинои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар ноҳияи Восеъ аз соли 1963 фаъолият менамояд. Бо сабаби гузашти солҳо бино кӯҳнаю фарсуда гардида, ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд. Ҳоло сохтмони бино аз ҷониби Лоиҳаи Меҳробод – Темурмалик – Кангурт оғоз гардида, аллакай 70 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.
Қурбон Ҳукматуллоев дар идомаи суҳбат гуфт, ки бинои нави муассиса аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар корҳои сохтмонӣ 14 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Дар айни замон дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъ 54 корманд фаъолият намуда, бо хӯроки гарм ва либосҳои махсуси корӣ, аз ҷумла зимистонаю тобистона таъмин мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»










ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






