Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии ҷамъияти экологӣ дар Федератсияи Русия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Форуми байналмилалии ҷамъияти экологӣ баргузор гардид, ки дар он 130 нафар аз Федератсияи Русия, 65 нафар ҷавонони фаъол ва ташкилкунандагони «Бозиҳои тоза» аз давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Беларус, Молдова, Арманистон ва Қазоқистон иштирок доштанд. Дар ин форум мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Шаҳло Раҷабалиева иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон хабар мдиҳад.
Бояд гуфт, ки «Бозиҳои тоза» соли 2014 ташкил шудаанд. Он дар Тоҷикистон аз аввали моҳи сентябр шуруъ шуда, то анҷоми моҳ идома ёфт. Аз 13 муассисаи олии мамлакат танҳо 4 донишгоҳ ин бозиро бо донишҷӯёни худ баргузор намуданд.
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон 23 сентябри соли 2023 «Бозиҳои тоза»-ро дар соҳили дарёи Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи 50 — солагии пойтахт баргузор намуданд.
Байни бозиҳо тарзи бозии дар сатҳи баланд гузаронидаи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон беҳтарин дониста шуда, номи Шаҳло Раҷабалиева ҳамчун ташкилкунандаи бозӣ ба рӯйхати беҳтарин ташкилотчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид гардид.
Ташкилотчиёни «Бозиҳои тоза» дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷамъ омада, барои беҳбуди бозиҳои экологии оянда нақшаҳои нав тарҳрезӣ намуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода








Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд






