НУҲ ДАВЛАТИ ОСИЁ ДАР ДУШАНБЕ. Ҷаласаи гурӯҳи коршиносони минтақавӣ оид ба беҳдошти устуворӣ ба офатҳои табиӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 07.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Беҳдошти устуворӣ ба офатҳои табиӣ: Истифодаи маълумот, технология ва сиёсат барои таъмини ояндаи бехатар» ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи коршиносони минтақавӣ оғоз ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори он роҳбарони вазорату идораҳои ваколатдори соҳаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ аз нуҳ давлати Осиё- Тоҷикистон, Ҳиндустон, Эрон, Камбоҷа, Макао, Микронезия, Муғулистон, Туркия, Бангладеш ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Ҷаласа аз ду қисмат иборат буда, муҳокимаҳои пленарӣ ба таҳкими тавонмандиҳои муштарак барои коҳиш додан, вокуниш ба офатҳои табиӣ ва идоракунии муассир, бахусус дар заминаи тағйирёбии иқлим, урбанизатсия ва камбизоатӣ нигаронида шудаанд. Ҳамоиш аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба рушди идоракунии иттилоот оид ба офатҳои табиӣ (APDIM) ташкил шуд.
Ҳадафи асосии ҷаласаи гурӯҳи коршиносони минтақавӣ мусоидат ба табодули дониш, ҳалли инноватсионӣ ва таҷрибаи пешқадам дар идоракунии офатҳои табиӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳамгироии маълумот, технология ва сиёсат барои беҳтар намудани омодагӣ ва қобилияти вокуниш дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад.
Бояд гуфт, ки ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи коршиносони минтақавӣ 8 декабр низ идома меёбад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






