ОГОҲӢ! Рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол лағзиши тарма ба амал ояд

Декабрь 26, 2023 16:31

ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимол лағзиши тарма ба амал ояд. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳуриро ҳушдор медиҳад,  ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ дар ин минтақаҳо худдорӣ ва ҳангоми истифодаи бухориҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Ҳамзамон кумита ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ менамоянд, тавсия медиҳад, ки ҳангоми гарм намудани манзили худ қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намуда, дар истифодаи қувваи барқ эҳтиёткор бошанд. Истифодаи якбораи чанд таҷҳизоти гармидиҳанда метавонад боиси нохушиҳо шавад.

Инчунин Кумита ба маълумоти сокинон мерасонад, ки дару тирезаҳои худро аз назар гузаронида, ҷойҳои шамолдарои онро маҳкам намоянд. То ҳадди имкон бояд бикӯшанд,  ки дар дохили хона гармии муътадил таъмин бошад. Ҳамгоми истифодаи бухориҳо дар хонаҳои заминӣ ва истифодаи ангишт низ ба қоидаҳои бехатарӣ диққати ҷиддӣ додан зарур аст.

Дар баробари ин Кумита эълом медорад, ки ронандагон пеш аз баромадан ба сафари дур аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ омода бошанд, аввал ба маълумоти обуҳавошиносон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои масъул диққат диҳанд. Қабл аз сафар мошинҳои худро санҷанд, чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намоянд. Дар роҳҳо набояд суръати ҳаракатро боло бурд, аксари садамаҳое, ки рух медиҳанд, маҳз бо сабаби риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо рух медиҳанд.

Инчунин риояи фосилаи байни мошинҳо дар роҳҳои кӯҳӣ гарави саломат расидан ба манзил аст.

АКС:  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 26, 2023 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд