ОГОҲӢ! Рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол лағзиши тарма ба амал ояд
ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимол лағзиши тарма ба амал ояд. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳуриро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ дар ин минтақаҳо худдорӣ ва ҳангоми истифодаи бухориҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Ҳамзамон кумита ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот, доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ менамоянд, тавсия медиҳад, ки ҳангоми гарм намудани манзили худ қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намуда, дар истифодаи қувваи барқ эҳтиёткор бошанд. Истифодаи якбораи чанд таҷҳизоти гармидиҳанда метавонад боиси нохушиҳо шавад.
Инчунин Кумита ба маълумоти сокинон мерасонад, ки дару тирезаҳои худро аз назар гузаронида, ҷойҳои шамолдарои онро маҳкам намоянд. То ҳадди имкон бояд бикӯшанд, ки дар дохили хона гармии муътадил таъмин бошад. Ҳамгоми истифодаи бухориҳо дар хонаҳои заминӣ ва истифодаи ангишт низ ба қоидаҳои бехатарӣ диққати ҷиддӣ додан зарур аст.
Дар баробари ин Кумита эълом медорад, ки ронандагон пеш аз баромадан ба сафари дур аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ омода бошанд, аввал ба маълумоти обуҳавошиносон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои масъул диққат диҳанд. Қабл аз сафар мошинҳои худро санҷанд, чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намоянд. Дар роҳҳо набояд суръати ҳаракатро боло бурд, аксари садамаҳое, ки рух медиҳанд, маҳз бо сабаби риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо рух медиҳанд.
Инчунин риояи фосилаи байни мошинҳо дар роҳҳои кӯҳӣ гарави саломат расидан ба манзил аст.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст






