ҶОМИ КФО-2023/24. Бозии дастаҳои «Равшан» ва «Алтин Асир» дар Душанбе мегузарад

Декабрь 12, 2023 14:30

ДУШАНБЕ, 12.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои футболи  «Равшан» -и Тоҷикистон ва «Олтин Асир»-и Туркманистон 14  декабр дар шаҳри Душанбе  баргузор  мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар аввал ин вохӯрӣ бояд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешуд, аммо бинобар омода намудани варзишгоҳ барои ивазкунии чамани сунъӣ ба гибридӣ бозӣ дар шаҳри Душанбе мегузарад. Акнун рақобат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, соати 19:00 оғоз мегардад.

Бояд гуфт, ки  чанд рӯз пеш дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 байни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Марв»-и Туркманистон дар сатҳи баланд доир гардида, бо ҳисоби мусовии  1:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб голро дар дақиқаи 43-юм легионери танзаниягӣ Эммануэл Мваненго ва аз ҳайати дастаи «Марв»-и Туркманистон Якшисахет Довлетгелдиев дар дақиқаи 65-ум ба ҳадаф расониданд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз панҷ даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24  дастаи футболи  «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб се имтиёз дошта, дар зинаи охири гурӯҳи «Е» мавқеъ гирифтааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 12, 2023 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд