ҶОМИ ОСИЁ-2024. Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 15.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17 то 28 апрел дар Таиланд баргузор мешавад, муайян гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» якҷо бо дастаҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Қирғизистон қарор гирифт.
Дар қуръакашӣ, ки 14 декабр дар Куала-Лумпур баргузор шуд, 16 даста ба чаҳор гурӯҳ – «А», «В», «С» ва «D» тақсим гардиданд.
Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил медиҳанд. Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтан мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» – Эрон, Кувайт, Баҳрайн ё Афғонистон бозӣ хоҳад намуд.
Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими миллии Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар се шаҳри Узбекистон – Тошканд, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон









Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






