Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони Амиршо Миралиев изҳори ҳамдардӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 06.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз яке аз ходимони намоёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо, вакили Маҷлиси намояндагон, Раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллӣ ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев дар синни 77-солагӣ вафот намуд.
Ӯ дар тамоми давраи фаъолияти тӯлонии сиёсиву давлатии худ ба мардум ва давлати Тоҷикистон содиқона хизмат намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти Амиршо Миралиев ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ намуданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






