Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Дубай бо Раиси Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад Ал-Ҷарван мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагон ва Шурои ҷаҳонии таҳаммулгароӣ ва сулҳ дар Амороти Муттаҳидаи Араб ба таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, яке аз абзори ҳамкории нав маҳсуб мегарданд.
Ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагон ва Шурои ҷаҳонии таҳаммулгароӣ ва сулҳ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, ки ин санади муҳим барои тавсеаи ҳамкории тарафайн имконияти фаровонро боз менамояд.
Дар интиҳои мулоқот таъкид гардид, ки муносибати байнипарлумонии Тоҷикистон ва Шурои ҷаҳонии таҳаммулгароӣ ва сулҳ дар сатҳи боварибахш рушд менамояд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






