Раёсати воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нақлиёти муосири соҳавӣ таъмин гардид

Декабрь 30, 2023 09:19

ДУШАНБЕ, 30.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба Раёсати воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Нақшаи миллии амалиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қатъномаи 1540 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид мошинҳои тамғаи «Toyota Hilux», ки бо детекторҳои кашфи маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ муҷаҳҳаз шудаанд, супорида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ аз номи донорҳои байналмилалӣ барои истифодаи хизматӣ ба кормандони Раёсати воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мошинҳои хизматиро тақдим намуд.

Ин кумаки фаннӣ дар чаҳорчӯби тарҳи «Амнияти сарҳади сабз» ироа мешавад, ки ҳадафаш таҳкими зерсохтори ниҳодҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон мебошад.

Дар доираи татбиқи ин лоиҳа интиқоли лавозимоти махсус ба нақша гирифта шудааст, ки либос, зиреҳҳои бадан, таҷҳизот барои амалиёт дар минтақаҳои кӯҳӣ, либоси махсуси муҳофизатӣ барои поксозии минаҳо, дастгоҳҳои биниши шабона, дурбинҳо, монокл, радиомухобираҳо (радиоприёмник), мошинҳои махсуси ҳарбӣ, автомобилҳо, микроавтобусҳое, ки дар онҳо таҷҳизоти ҳассос барои ошкор намудани ҳаракати ғайриқонунӣ, инчунин маводи ядроӣ ва радиоактивӣ насб шудаанд, аз ин ҷумла мебошанд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 30, 2023 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд