Сарвари давлат: «Имрӯз мо шоҳиди уҳдадории дастаҷамъонаи бонкҳои байналмилалии рушд ҷиҳати суръатбахшӣ ба маблағгузории соҳаи обу иқлим гаштем»
ДУШАНБЕ, 04.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо истифода аз фурсат, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати минбаъд ҳам пеш бурдани масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд иброз медорам. Итминон дорам, ки талошҳои дастаҷамъонаи мо дар ин раванд самараи дилхоҳ хоҳанд дод. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ, ки 2 декабри соли равон дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, баён намуданд.
«Моҳи марти соли равон Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Нидерланд Конфронси таърихии оби Созмони Милалро мизбонӣ намуд. Дар ин ҳамоиш Рӯзномаи амал қабул гардид. Он зиёда аз 800 амалу уҳдадориҳоро дар соҳаи об дарбар мегирад. Шумораи зиёди онҳо бо иқлим низ алоқамандии зич доранд. Мусаллам аст, ки хатару таҳдидҳои обу иқлим талошу амалҳои ҷиддитарро талаб менамояд», -тазаккур доданд Сарвари давлат.
Пешвои миллат дар ин робита, се нуктаи муҳимро баён намуданд.
«Якум, дарки амиқи масъала ва пешбурди самараноки он пеш аз ҳама иродаи сиёсӣ ва таваҷҷуҳи муштараки сарони давлатҳову ҳукуматҳоро талаб менамояд. Ҳамкории Тоҷикистону Нидерланд ҳамчун кишварҳои болообу поёноб гувоҳи возеҳи ҳамкории созанда дар ин самт мебошанд. Дуюм, имрӯз мо шоҳиди уҳдадории дастаҷамъонаи бонкҳои байналмилалии рушд ҷиҳати суръатбахшӣ ба маблағгузории соҳаи обу иқлим гаштем. Сипоси хешро ба онҳо барои саҳми муассирашон дар ин ҷода иброз менамоем.Ҳамзамон, зарур мешуморем, ки дигар ҷонибҳо низ талошҳои худро дар ин самт фаъол намоянд.Сеюм, мо бояд таҳия ва татбиқи механизмҳои муштараки расонидани кумакҳоро ба кишварҳои осебпазир таъмин намоем.Зеро онҳо барои расидан ба ҳадафҳои марбут ба об имкониятҳои маҳдуд доранд», — иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст






