Соли 2023 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8,3 % зиёд гардид

Декабрь 28, 2023 11:44

ДУШАНБЕ, 28.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8,3 % зиёд гардид. Ин нукта имрӯз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид.

Гуфта шуд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, хушксолию камобии солҳои охир дар минтақа ва бо шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат соли бобарор гардид.

«Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат нисбат ба соли гузашта 8,3 % зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Таъкид шуд, ки қисмати даромади буҷети давлатӣ 102,5% таъмин гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2023 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд