Султон Абдулраҳмон ал-Маршад: «Фонди Саудии Рушд Созишномаро оид ба ҷудо намудани 100 миллион доллари амрикоӣ барои сохтмони НБО-и «Роғун» ба имзо мерасонад»

Декабрь 4, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 04.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Фонди Саудии Рушд Созишномаро оид ба ҷудо намудани 100 миллион доллари амрикоӣ барои сохтмони НБО-и «Роғун» ба имзо мерасонад. Дар ин хусус имрӯз, 4 декабр пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад, ки бо сафар дар Душанбе қарор дорад, иброз дошт.

«Имрӯз бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти судманд доштам. Дар мулоқот оид ба маблағгузорӣ ба лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Фонди Саудии Рушд суҳбат намудем. Дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Созишнома оид ба маблағгузории Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳаҷми 100 миллион доллари амрикоӣ баргузор мегардад», — таъкид намуд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад.

Султон Абдулраҳмон ал-Маршад тазаккур дод, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Фонди Саудии Рушдро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудем. Ёдовар мешавем, ки Фонди Саудии Рушд шуруъ аз соли 2002 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. То ин муддат 12 лоиҳаи рушдро маблағгузорӣ намудааст, ки ин лоиҳаҳо барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим ба ҳисоб мераванд. Ҳаҷми умумии маблағгузории Фонди Саудии Рушд дар бахшҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз тақрибан 300 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба гуфти Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад, маблағгузории ҷониби Саудӣ ба ин лоиҳаи бениҳоят муҳими минтақавӣ дар заминаи он амалӣ мешавад, ки Арабистони Саудӣ ба рушди ҳамкории судманд, бахусус дар соҳаи рушд бо Тоҷикистон ҳавасманд аст.

«Лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз лоиҳаҳои муҳимтарини минтақавӣ арзёбӣ мегардад, зеро ин лоиҳа бо иқтидори кулл дар оянда бо истеҳсоли неруи барқ дар ҳаҷми 3,6 Гигаватт барои рушди на танҳо Тоҷикистон, балки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон низ саҳми арзанда ҳоҳад гузошт», — таъкид намуд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад.

Раиси Фонди Саудии Рушд тазаккур дод, ки «ин лоиҳа (Неругоҳи барқи обии «Роғун») дар баробари он ки ба рушди иқтисоди «сабз» бисёр мусоидати муносиб менамояд, дар баробари ин ба пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим низ саҳм мегузорад. Дар ин замина мо аҳамияти бузурги лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро қоил ҳастем ва ҳамеша барои татбиқи ин лоиҳа дар паҳлуи Тоҷикистон қарор хоҳем дошт. Маблағгузории худро дар ин лоиҳа дар якҷоягӣ бо дигар шарикон ва фондҳои рушд идома хоҳем дод. Умедворем, ки дар оянда наздик бо маблағгузории дигар шарикони рушд ҳарчи зудтар ин лоиҳа (Неругоҳи барқи обии «Роғун») татбиқ ёбад ва дар маросими пурра ба истифода супоридани он иштирок намоем».

Дар анҷом Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад таъкид намуд, ки дар оянда низ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои ҳаётан муҳими Тоҷикистон иштирок ва маблағгузорӣ менамоянд. Чандин лоиҳаҳои рушде ҳастанд, ки аз ҷониби Фонд (Фонди Саудии Рушд) матраҳ шудаанд ва мавриди арзёбӣ қарор доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Декабрь 4, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Раиси вилояти Гулистони Эрон ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистикаро баррасӣ намуданд
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Сармоягузорони Эрон бо имконоти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуданд
Таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси UNCCD COP17 дар Улан-Батор иштирок намуданд