ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар сардхонаҳои махсуси шаҳри Душанбе зиёда аз 20 ҳазор тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира шудааст

Декабрь 8, 2023 09:54

ДУШАНБЕ, 08.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023- 2024 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» 20020,1 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар КВД  «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе нақша тартиб дода шудааст, ки тибқи он захираи маводи хӯрокворӣ бояд то 25 декабри соли 2023 пурра иҷро гардида,   то ин муддат маҳсулот дар ҳаҷми зарурӣ  захира карда  шавад.

Аз ҷумла, тибқи нақшаи тасдиқшуда, бояд то 25 декабр 5000 тонна картошка, 7000  тонна пиёз, 1000 тонна сабзӣ, 6000 тонна гандум, 2000 тонна шакар, 500 тонна равғани растанӣ, 3000 тонна орд, 100 тонна биринҷ захира шавад.

Тавре дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини директори Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» Хайрулло Сафарзода иброз дошт, дар айни замон аз ҷониби корхона дар сардхонаҳои масуси нигоҳдории маҳсулот 3643 тонна картошка, 7005 тонна пиёз, 6500 тонна гандум, 1153 тонна шакар, 522,8 тонна равғани растанӣ, 1020 тонна орд, 176,3 тонна биринҷ захира шудааст.

«Маҳсулоти захирашуда дорои сифати хуб буда, дар асоси шартномаҳои тарафайн бо ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ, аз қабили Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ҳиндустон ва ширкатҳоии ватанӣ харидорӣ ва захира шудаанд»,-иброз дошт Хайрулло Сафарзода.

Иттилоъ дода шуд, ки ғайр аз ин дар нуқтаҳои сераҳолии шаҳри Душанбе новобаста аз фасли сол, яъне ҳамарӯза ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил шудааст.

«Мақсад аз баргузории ин ярмаркаҳо-  таъмини сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ мебошад»,-гуфт муовини директори КВД  «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе».


Ба гуфтаи мавсуф, дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт мегарданд. Ярмаркаҳои доимамалкунанда дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт ҳамарӯза идома доранд.

Хайрулло Сафарзода иброз дошт, ки баргузории чунин ярмаркаҳо ба коҳиш ёфтани нархи бисёре аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мусоидат намудааст. Аз ҷумла, дар айни замон дар ин ярмаркаҳо нархи маҳсулот чунин мебошад: 1 кг шакар 11 сомонӣ, 1 кг биринҷ 11 сомонӣ, 5 литр равған 70 сомонӣ, 1 кг гӯшт 65 сомонӣ, 1 кг пиёз 3 сомонӣ,  1 кг картошка аз 4 сомониву 80 дирам то 5 сомониву 20 дирам, 50 кг орди навъи якум 260 сомонӣ.

 

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2023 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид