Зарфияти сайёҳии Душанбе зимни вохӯрӣ бо намояндагони Ширкати машваратии «HIDRIA Ciencia» amiente y desarollo S.L» баррасӣ шуд

Декабрь 15, 2023 15:24

ДУШАНБЕ, 15.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе вохӯрии сеҷонибаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ва роҳбарияти Ширкати машваратии «HIDRIA Ciencia» amiente y desarollo S.L» Эдуардо Мартинeс доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои амалӣ намудани ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ширкати машваратии «HIDRIA Ciencia amiente y desarollo S.L»-ро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе ба зарфияти фаровон дар бахшҳои мухталифи сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ишора намуда, фазои инфрасохторӣ ва фарҳангию таърихии шаҳри Душанберо барои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ мусоид арзёбӣ намуд.

Таъкид шуд, ки рушди соҳаи сайёҳиро бе ворид намудани технологияи рақамӣ тасаввур намудан ғайриимкон мебошад, зеро ҳар сайёҳ ниёз ба иттилои расмӣ, дастрас ва фаврӣ дорад.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкории минбаъда баён доштанд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Декабрь 15, 2023 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад