35 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ноҳияи Ховалинг бозори замонавӣ месозад

Январь 23, 2024 16:45

ХОВАЛИНГ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлуботи ҷумҳурӣ бозори марказии ноҳияи Ховалинг пурра навсозӣ мегардад. Дар ин хусус директори бозори марказии ноҳия Айнулло Сафаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои Айнулло Сафаров, «сохтмони бозори марказӣ аз  ҷониби Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлуботи Тоҷикистон соли гузашта оғоз гардида, ҳоло беш аз 80 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Ба ҳар соҳибкоре, ки дар ин бозор пештар фаъолияти соҳибкорӣ дошт, нуқтаи савдои болопӯшида ва мағозаи замонавӣ бо тарҳи муосир дода мешавад. Ҳар савдогар метавонад, ки дар дилхоҳ фасли сол бе мушкилӣ дар дохили мағозаи болопӯшида ба савдо машғул шавад».

Изҳор гардид, ки дар дохили бозор 110 мағозаи хурд, 24 нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва 12 ҷойи нишасти болопӯшида барои фурӯши меваву сабзавот омода шудааст.

Инчунин бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва мардони саховатпешаи ноҳияи Ховалинг дар назди бозор марказҳои савдо ва нуқтаҳои фурӯши замонавӣ, ки аз  2 ошёна иборат мебошанд, сохта мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 23, 2024 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд