Ҳақан Фидан: «Туркия ва Тоҷикистон робитаҳои қавӣ ва устувор доранд»

Январь 10, 2024 13:43

 ДУШАНБЕ, 10.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, амният, маориф ва сайёҳӣ баррасӣ гардиданд», — иброз намуд пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фидан имрӯз дар Душанбе.

Ба гуфти Ҳақан Фидан, «Туркия ва Тоҷикистон робитаҳои қавӣ ва устувор доранд, ки солҳои дароз идома доранд. Бар асоси ин, мо тасмим гирифтем, ки муносибатҳои ду давлатро дар ҳама самтҳо ва соҳаҳо бо ташаббус ва иродаи муштараки сарони давлатҳо густариш диҳем».

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фидан тазаккур дод, ки дар вохӯриҳои имрӯза роҳҳои иштироки тоҷирони турк дар амалисозии лоиҳаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баррасӣ шуданд. «Аз ҷумла, мо имкон доштем, ки масъалаҳои маблағгузорӣ ва  сармоягузории баъзе лоиҳаҳоро муфассал матраҳ намоем»,- гуфт ӯ.

«Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф низ як бахши муҳими мулоқоти имрӯза буд, — гуфт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳақан Фидан ва таъкид намуд, ки мо нақша дорем бештари донишҷӯёни тоҷик дар Туркия таҳсил намоянд ва дар ин замина дархост аз ҷониби Тоҷикистон вуҷуд дорад».

Иброз гардид,  ки дар мулоқот доир ба масъалаи муносибатҳои дуҷониба, инчунин минтақавӣ ва амниятӣ, аз ҷумла вазъи сиёсӣ дар Афғонистон табодули афкор доир шуд.

Ҳақан Фидан таъкид намуд, ки интизор меравад соли равон Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 10, 2024 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид