Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и Русия масоили ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалиро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 12.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ ва табодули таҷриба ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуда, дар ҷараёни он масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и Федератсияи Русия шинос шуданд. Зимнан масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо Созмони байналмилалии полиси ҷиноӣ — Интерпол баррасӣ шуданд.
Намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ аз таҷрибаи ҳамкорони мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия бархӯрдор гардида, мубодилаи таҷриба намуданд. Ҳайат азми худро ҷиҳати идомаи ҳамкории минбаъда дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз дошт.
Дар ҷараёни сафар вохӯриҳо бо роҳбарияти воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия доир гардида, сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба таъкид гардид.
Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар шаҳри Москва бо ташкили таҳқиқоти криминалистӣ ва истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар фаъолияти полис шинос шуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






