Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2024

Январь 1, 2024 10:00

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2024 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин ва ҷиҳати ҷалби бештари дӯстдорони санъату мусиқӣ чораҷӯйӣ карда, ғолибони даврҳои якум ва дуюми Озмун ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2024 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 3 785 000 (се миллиону ҳафтсаду ҳаштоду панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.

6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.

7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
1 январи соли 2024
№АП-479

 

Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 1 » январи соли 2024, №АП-479

Низомномаи
озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» (минбаъд – Озмун) бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, гузаронида мешавад.

2. Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг, асарҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, ки ба Озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон, табиати зебоманзари Тоҷикистон ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

3.  Сарпарасти Озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

4.  Масъулони баргузории Озмун вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаи телевизион ва радио, иттифоқҳои композиторон, рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон мебошанд.

5.  Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ҷиҳати ҷалби наврасон, ҷавонон ва занони боистеъдод ба Озмун мусоидат менамоянд.

6.  Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, маориф, ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъули ташкил ва баргузории Озмун мебошанд.

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

7.  Барои гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» комиссияи ҷумҳуриявӣ (минбаъд – комиссияи Озмун) таъсис дода мешавад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

8.  Ваколати комиссияи Озмун:

— таҳияи ҷадвали баргузории Озмун ва назорати он;

— тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба Озмун;

— пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои дуюм ва сеюми Озмун;

— якҷо бо ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ;

— муайян намудани ҷойи баргузории даври дуюми Озмун дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

— назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони Озмун;

— омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни Озмун ба даври сеюм;

— баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабону иштирокчиён;

— тасдиқи протокол ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони даври сеюми Озмун;

— ҷамъбасти натиҷаи Озмун ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ва шиносоӣ.

9.  Комиссияи Озмун дар ҳолати ҷавобгӯ набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ ҳуқуқи бекор кардани онро дорад. Ҳамчунин, дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоте, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, комиссияи Озмун ваколати ҳалли онро дорад.

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

10.  Озмуни мазкур дар се давр гузаронида мешавад:

— даври якум — моҳи апрели соли 2024 дар маркази шаҳру ноҳияҳо;

— даври дуюм — моҳи июни соли 2024 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

— даври сеюм — нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад.

11.  Корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даври якум ва дуюми Озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вогузор мегардад.

12.  Протоколи даври дуюми Озмун бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ва раиси ҳакамон ба комиссияи Озмун пешниҳод мешавад.

13.  Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо протоколҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи Озмун пешниҳод карда мешаванд.

14.  Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм ба даври сеюм то 1 август муқаррар карда мешавад.

15.  Рафти даврҳои Озмун тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои телевизиону радио ба таври васеъ инъикос мешаванд.

5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

16.  Ба Озмун, қабл аз ҳама, асарҳои тозаэҷоди оҳангсозон-бастакорон ва рассомони ватанӣ, инчунин асарҳо аз осори беҳтарини мусиқии классикӣ, беҳтарин мусаввараҳои классикии навъҳои санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии ватаниву ҷаҳонӣ дар жанрҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва эстрадӣ пешниҳод мешаванд.

17.  Озмун дар байни гурӯҳҳои зерин доир мегардад:

—     хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин коллеҷи санъат, коллеҷи рассомӣ ва муассисаҳои олии касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ (минбаъд – гурӯҳи касбӣ);

—     хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайрисоҳавӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, намояндагони касбу кори гуногуни ғайрисоҳавӣ (минбаъд – гурӯҳи ҳаваскорон);

—     шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ё кору фаъолият доранд.

18.  Барои ҳар як гурӯҳ меъёрҳои Озмунро комиссияи Озмун дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг муқаррар менамояд.

19.  Довталабоне, ки дар даври якуми Озмун тибқи раддабандии синнусолӣ ба қайд гирифта мешаванд, то даври сеюм ба ҳамин тартиб иштирок менамоянд.

20.  Дар Озмун шахсони шинохтаи санъати мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, сарояндагону навозандагон, рассомону дизайнерони унвондору касбӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти соҳаи санъати касбӣ иштирок намекунанд.

21.  Ҳамзамон як шахс дар ду номинатсия ширкат варзида наметавонад.

22.  Ғолибони Озмун бо Шоҳҷоиза, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм, диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.

23.  Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» (лауреатҳои Шоҳҷоиза, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм) баъди се сол ҳуқуқи иштирок дар Озмунро пайдо мекунанд.

24.  Раддабандии синнусолӣ ба таври зайл сурат мегирад:

1) номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ:

—  аз 18 то 35-сола;

2) номинатсияҳои сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн:

—  аз 12 то 17-сола;

—  аз 18 то 35-сола.

25.  Дар Озмун истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст.

26.  Теъдоди иштирокчиёни даври якум бемаҳдуд буда, ғолибони даври якум ба даври дуюм ва ғолибони даври дуюм ба даври сеюм роҳ меёбанд.

27.  Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти ӯ) шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида мешавад. Шакли шартномаро Вазорати фарҳанг омода карда, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мерасонад.

28.  Баромади иштирокчиёни Озмун дар даврҳои дуюм ва сеюм тибқи қуръапартоӣ сурат мегирад.

29.  Иштирокчиёни номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн дар ҳама даврҳои Озмун асарҳои худро пешниҳод менамоянд.

6. НОМИНАТСИЯҲО ВА ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

30.  Озмун аз рӯйи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

— оҳангсозӣ-бастакорӣ;
— сарояндагӣ;
— навозандагӣ;

—  санъати тасвирӣ;

—  дизайн.

31.  Дар панҷ номинатсия асарҳое пешниҳод мегарданд, ки дар мавзуи зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои Истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тараннуми симоҳои барҷастаи миллат, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, об ҳамчун манбаи ҳаёт, ободӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра таълиф шудаанд.

32.  Ба Озмун дар номинатсияи санъати тасвирӣ асарҳое қабул карда мешаванд, ки дар рӯйи матоъ (холст) ё коғаз сохта шудаанд. Барои офаридани асар аз навъҳои зерини масолеҳ бояд истифода карда шавад: чӯб, метал, хокаи махсус, гил, гуаш, акрил, рангҳои равғанӣ, акварел, пастел, қаламҳои ранга ва сиёҳ.

33.  Нусхабардории асарҳои рассомони дигар аз сомонаҳои интернетӣ қатъиян манъ аст. Асари офаридашуда бояд бе ёрии падару модарон ва устодон тартиб дода шуда, дар қисмати пушти он маълумоти зерин қайд карда мешавад: номинатсия, номи асар, насаб, ном, номи падар, синну соли иштирокчии Озмун, номи муассиса, суроғаи ҷойи истиқомат ва роҳбар (омӯзгор).

34.  Ҳаҷми корҳои пешниҳодшаванда бояд андозаи 50х60, 50х70, 60х80, 70х90 ва 80х100 см бошанд.

35.  Ҳар як иштирокчӣ метавонад ба Озмун на бештар аз 3 (се) асар пешниҳод намояд.

36.  Аз иштирокчиёни номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн (аз даври аввал то даври ниҳоии Озмун) ба таври ҳатмӣ дар назди ҳайати ҳакамон супоридани имтиҳони маҳорат талаб карда мешавад.

37.  Асарҳое, ки дар даври ниҳоии Озмун соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, ба соҳибонашон баргардонида намешаванд.

38.  Асарҳои ғолибони даври сеюми Озмун ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.

39.  Дар Озмун ба асарҳои тозаэҷод, симои зоҳирӣ ва сарулибоси саҳнавии иштирокчиён афзалият дода шуда, ба такрори суруду оҳангҳо, асарҳои рассомӣ ва дизайнерӣ дар даврҳои Озмун роҳ дода намешавад.

40.  Ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ мебошад.

1) талаботи номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ:

— дар ин номинатсия иштирокчиён бояд дорои таҳсилоти миёнаи махсуси мусиқӣ ва олии мусиқӣ, инчунин намояндагони мактаби суннатии устод-шогирд (бо нишондоди мушаххаси мактаб ва устод) бошанд;

— иштирокчиёни номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ асарҳои худро метавонанд дар жанрҳои дилхоҳи худ бо истифодаи жанрҳои камеравӣ, сюита, сонатино, вариатсия, пиеса, романс, суруд, кантата, инчунин дар жанрҳои хосаи мусиқии анъанавӣ ва мусиқии эстрадӣ пешниҳод намоянд;

— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд. Дар ин номинатсия аз довталаб санҷиши тахассусӣ гирифта мешавад. Тақризи касбӣ ба ҳар як асари пешниҳодшуда ҳатмӣ мебошад;

— асарҳо дар шакли клавир, партитура ё сабти нотавии шакли дигар (хусусан барои жанрҳои суннатӣ) ба комиссияи Озмун пешниҳод карда мешаванд;

— дар даври дуюм ва даври сеюм асарҳо дар шакли мусиқии зинда (иҷрои амалӣ) баррасӣ мегарданд;

— ҳангоми баҳогузорӣ ба техникаи оҳангсозӣ-бастакорӣ (тарзи созбандӣ, фактура, хусусиятҳои драматургиву композитсионӣ), мутобиқати мавзуъ ба жанр, ҳамоҳангии матни шеърӣ ба мусиқӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад;

— хоҳишмандон аз гурӯҳи ҳаваскорон барои иштирок кардан дар ин бахш бо тариқи ариза муроҷиат намуда, баъди гузаштан аз санҷиши тахассусӣ имкони иштирокро пайдо менамоянд;

2) талаботи номинатсияи сарояндагӣ:

— дар иҷрои барномаи сароянда маҳорати касбӣ, талаффузи бурро, тарзи баён, нафаси равон, диапазони васеи овоз, тақсимбандии дурусти ҳиҷоҳо, саҳназебӣ, либоси саҳнавӣ, одоб ва ҳаракати саҳнавӣ, ҷалби шунаванда ва самимияти сарояндагӣ ба эътибор гирифта мешавад;

— иштирокчӣ ба ҳар даври Озмун як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро дар жанрҳои гуногун пешниҳод менамояд;

— иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои суруд, романс, ария, ариозо, жанрҳои дигари мусиқии камеравии вокалӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайра) ва мусиқии эстрадӣ мураттаб созад;

— дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад;

— тарҷумаи таҳтуллафзии матни шеъру суханҳои сурудҳои бо забонҳои дигар иҷрошаванда ҳатман пешниҳод карда шаванд;

— дар пешниҳоди сарояндагӣ ба шеърҳои муосир, хусусан истифодаи шеърҳо аз баёзҳои тозанашр афзалият дода мешавад;

3) талаботи номинатсияи навозандагӣ:

— дар баромади навозанда маҳорати касбӣ, интихоби арзишманди асари мусиқӣ, мазмун ва жанри асар, хушсадоӣ, техникаи садобарорӣ, дилнишинии сабки навозандагӣ, одоби саҳнавӣ, симои зоҳирӣ, эҳсосоти зарбиву оҳангӣ, самимият ва аслияти сабки навозандагӣ ба эътибор гирифта мешаванд;

— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба жанрҳои гуногун тааллуқ дошта бошанд;

— иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои гуногуни мусиқии полифонӣ, соната, вариатсия, консерт, пйесаи консертӣ, жанрҳои дигари мусиқии камеравии созӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайра) ва мусиқии эстрадӣ мураттаб созад;

— дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад;

— дар пешниҳоди навозандагон ба сабақҳои аслии санъати навозандагии тоҷик афзалият дода мешавад;

4) талаботи номинатсияи санъати тасвирӣ:

— дар иҷрои барномаи санъати тасвирӣ маҳорати рассомӣ, интихоби асар, мазмуни асари офаридашуда, масолеҳи истифодашуда ҳангоми офаридани асар ба эътибор гирифта мешавад;

— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзуъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;

— иштирокчии номинатсияи санъати тасвирӣ метавонад асари худро аз рӯйи равияҳои рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра, санъати ороиши амалӣ, кулолгарӣ, маҳсулоти бадеӣ аз метал, коркарди бадеии чӯб, коркарди масолеҳи сангӣ, бофандагӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ пешниҳод намояд;

5) талаботи номинатсияи дизайн:

— дар иҷрои барномаи дизайнерӣ касбияти дизайнерӣ, диди нав, навоварӣ, эҷоди асарҳои мубрам ба эътибор гирифта мешавад;

— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзуъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;

— иштирокчии номинатсияи дизайн метавонад асарҳои худро дар равияҳои батика, гобелен, кошинкорӣ, мӯд, витраж, зебосозии либос, реклама, дизайни графикӣ ва ғайра пешниҳод намояд.

41.  Регламенти баромади довталаб дар даври дуюм то 10 дақиқа ва дар даври сеюм то 20 дақиқа муайян мегардад.

7. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН

42.  Ҳайати ҳакамони даври якум аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби мусиқишиносон, композиторон, санъатшиносон, омӯзгорони муассисаҳои махсуси санъати мусиқӣ дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг интихоб гардида, ҳайати ҳакамони даврҳои дуюму сеюм бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг, иттифоқҳои композиторон, рассомон ва дизайнерон аз ҷониби комиссияи Озмун тасдиқ карда мешаванд. Шахсе, ки шогирд ё узви оилаи ӯ дар Озмун иштирок мекунад, ҳуқуқи ба ҳайати ҳакамон шомил гардиданро надорад.

43.  Ҳайати ҳакамон аз рӯйи меъёри то 10 хол ғолибонро муайян мекунад.

44.  Ҳайати ҳакамон барои ҷобаҷогузории дурусти асарҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайни пешниҳодгардида дар жанрҳои мувофиқи вобаста ба номинатсиҳои Озмун уҳдадор мебошад.

8. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

45.  Хароҷоти даврҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо, буду бош дар маҳалли баргузории Озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манъ нагардида пардохт карда мешавад.

46.  Ғолибони даври якуму дуюми Озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

47.  Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми Озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд.

48.  Ғолибони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм аз номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ пас аз хатми муассисаи олии касбии соҳавӣ ба аъзогии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

49.  Омӯзгороне, ки шогирдони худро дар раддабандии синнусолии аз 12 то 17-сола аз даври якум то даври сеюми Озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

50.  Омӯзгорони иштирокчиён дар он сурат ҳавасманд гардонида мешаванд, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муассисаро дар хусуси омӯзгори воқеӣ будан пешниҳод намоянд.

51.  Ба ғолибони даври сеюм ва омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.

52.  Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тартиби додани мукофот ва ҷоизаро барои ғолибони даври якум ва дуюми Озмун раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ ва амалӣ менамоянд.

53.  Ҷиҳати ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои Озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.

9. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУН

54.  Барои иштирок дар даври сеюми Озмун ба комиссияи Озмун ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешаванд:

1) барои рассомон ва дизайнерон:
— маълумот дар бораи довталаб;

— нусхаи шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд);

— маълумотнома аз роҳбари муассисаи таълимӣ;

— 4 дона сурати 3х4;

— асарҳое, ки аз даври дуюми Озмун гузаштаанд;

— нусхаи диплом оид ба таҳсилоти махсуси миёна ва ё олии рассомӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн (барои гурӯҳи касбӣ);

2) барои оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагон ва навозандагон:

— маълумот дар бораи довталаб;

— нусхаи шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд);

— асарҳо дар шакли ҳомили электронӣ;

— сабти нотавӣ (тибқи талаботи Озмун);

— матни шеърҳо дар се нусха;

— нусхаи диплом оид ба таҳсилоти махсуси миёна ва ё олии мусиқӣ (барои гурӯҳи касбӣ).

55.  Ҳуҷҷатҳо оид ба ҷамъбасти даври сеюм бо протоколҳои расмӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон тасдиқ гардида, комиссияи Озмун онро баррасӣ менамояд.

56.  Довталабоне, ки дар даври сеюм ғолиб намебароянд, бо диплом ва ифтихорнома сарфароз гардонида мешаванд.

10. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА

57.  Дар даври сеюм ба ҳар як номинатсия як Шоҳҷоиза ҷудо карда мешавад.

58.  Ба ғолиби беҳтарин Шоҳҷоиза дода мешавад.

59.  Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки дар оҳангсозӣ-бастакорӣ, суруд хондану мусиқӣ навохтан, офаридани асарҳои тасвирӣ ва ҳунарҳои наққошиву дизайнерӣ маҳорат ва истеъдоди фавқулода дошта, маҳорату истеъдод ва касбияти ӯ аз ғолиби ҷойи якум болотар аст.

11. ИМТИЁЗҲО

60.  Соҳиби Шоҳҷоиза ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ муаррифӣ гардида, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо менамоянд.

61.  Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки соҳиби Шоҳҷоиза ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун шудаанд, барои таҳсил дар марказҳои бачагонаи рассомӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии соҳаи фарҳанги кишвар, инчунин ба ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқӣ ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳонҳо дар гурӯҳҳои ройгон ҳуқуқи таҳсил доранд.

62.  Иштирокчиёни даври сеюми Озмун (хонандагони синфҳои 9 ва 11) дар соли ҷорӣ ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии кишвар бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибон ва иштирокчиёни даври сеюми Озмунро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.

63.  Вазорати фарҳанг протокол ва санадҳои ғолибони Озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.

 

Замимаи 2
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз « 1 » январи соли 2024, №АП-479

Ҳайати

комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»

муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) — раиси комиссияи Озмун;

вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси комиссияи Озмун;

раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси комиссияи Озмун;

муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон — котиби Комиссияи Озмун.

Аъзои комиссияи Озмун:

сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон;

ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода;

ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;

раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон;

раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон;

раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон.

Замимаи 3
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «1» январи соли 2024, №АП-479

Ҷоизаҳои

озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»

1.    Номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ (аз 18 то 35-сола)

Таъиноти хароҷот

Маблағ барои як
номинатсия

Шумораи
ҷоизагиран-
дагон (нафар)

Маблағи
умумӣ

Жанри академӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри анъанавӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри эстрадӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Ҷамъ

15

345 000

2.    Номинатсияи сарояндагӣ (аз 12 то 17-сола)

 

Таъиноти хароҷот

Маблағ
барои як
номинатсия

Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)

Маблағи
умумӣ

Жанри академӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри анъанавӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри эстрадӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Ҷамъ

15

345 000

 

3. Номинатсияи сарояндагӣ (аз 18 то 35-сола)

 

Таъиноти хароҷот

Маблағ
барои як
номинатсия

Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)

Маблағи
умумӣ

Жанри академӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри анъанавӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри эстрадӣ

Ҷойи якум 35 000

1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000

2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000

2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Ҷамъ

15

345 000

 

4. Номинатсияи навозандагӣ (аз 12 то 17-сола)

Таъиноти хароҷот

Маблағ барои як
номинатсия

Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)

Маблағи
умумӣ

Жанри академӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри анъанавӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри эстрадӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Ҷамъ

15

345 000

 

5. Номинатсияи навозандагӣ (аз 18 то 35-сола)

 

Таъиноти хароҷот

Маблағ барои як
номинатсия

Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)

Маблағи
умумӣ

Жанри академӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

20 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри анъанавӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри эстрадӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Ҷамъ

15

345 000

6. Номинатсияи санъати тасвирӣ (аз 12 то 17-сола)

 

Таъиноти хароҷот

Маблағ барои як
номинатсия

Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)

Маблағи
умумӣ

Жанри санъати тасвирӣ

(рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графикаи дастгоҳӣ, миниатюра)

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри санъати ороиши амалӣ (кулолгарӣ, маҳсулоти бадеӣ аз метал, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб, коркарди масолеҳи сангӣ)

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Ҷамъ

10

230 000

 

7. Номинатсияи санъати тасвирӣ (аз 18 то 35-сола)

 

Таъиноти хароҷот

Маблағ барои як
номинатсия

Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)

Маблағи
умумӣ

Жанри санъати тасвирӣ

(рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графикаи дастгоҳӣ, миниатюра)

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри санъати ороиши амалӣ (кулолгарӣ, маҳсулоти бадеӣ аз метал, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб, коркарди масолеҳи сангӣ)

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Ҷамъ

10

230 000

8. Номинатсияи дизайн (аз 12 то 17-сола)

Таъиноти хароҷот

Маблағ барои як
номинатсия

Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)

Маблағи
умумӣ

Жанри дизайни графика, реклама, дохили бино

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Ҷамъ

10

230 000

9. Номинатсияи дизайн (аз 18 то 35-сола)

Таъиноти хароҷот

Маблағ барои як
номинатсия

Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)

Маблағи
умумӣ

Жанри дизайни графика, реклама, дохили бино

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Жанри дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ

Ҷойи якум 35 000 1

35 000

Ҷойи дуюм 25 000 2

50 000

Ҷойи сеюм 15 000 2

30 000

Ҳамагӣ

5

115 000

Ҷамъ

10

230 000

Ҷамъи бандҳои 1-9

115

2 645 000

10. Маблағ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар Озмун

Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мегиранд

Таъиноти хароҷот

Маблағ
барои як
номинатсия

Шумораи
ҷоизагиран-дагон
(нафар)

Маблағи
умумӣ

1

Шоҳҷоиза

10 000 4

40 000

2

Ҷойи якум

10 000 10

100 000

3

Ҷойи дуюм

10 000 20

200 000

4

Ҷойи сеюм

10 000 20

200 000

Ҳамагӣ

54

540 000

11. Шоҳҷоиза

Таъиноти хароҷот

Маблағ

Барои як номинатсия

Шумораи ҷоизагиран-дагон
(нафар)

Маблағи
умумӣ

1. Номинатсияи
оҳангсозӣ-басткаорӣ
50 000 1

50 000

2. Номинатсияи
сарояндагӣ
50 000 1

50 000

3. Номинатсияи
навозандагӣ
50 000 1

50 000

4. Номинатсияи
санъати тасвирӣ
50 000 1

50 000

5. Номинатсияи
дизайн
50 000 1

50 000

Ҳамагӣ

5

250 000

12. Хароҷоти иловагӣ

Таъиноти хароҷот

Маблағи умумӣ

1. Омода кардани ҷоми шоҳҷоизаҳо, дипломҳо, сафари ҳайати ҳакамони даври дуюм ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳавасмандгардонии ҳайати ҳакамони даври сеюм ва хароҷоти дигар

350 000

13. Маблағи умумӣ

Таъиноти хароҷот

Шумораи умумӣ

Маблағи умумӣ (бо сомонӣ)

1.

Ҷоизаҳо аз рӯйи номинатсияҳо

115

2 645 000

2.

Шоҳҷоиза

5

250 000

3.

Барои омӯзгорони иштирокчиёни ғолибомада

54

540 000

4.

Хароҷоти иловагӣ

350 000

Ҳамагӣ

174

3 785 000

Январь 1, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Дар Бохтар маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
Ғолибони даври ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд