РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ» ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои доктори илмҳои иқтисодӣ дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 11.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Иқтисоди «сабз» низоми махсуси рушди иқтисодӣ мебошад, ки ба технологияи аз нигоҳи экологӣ тоза ва рушди иқтисодии самаранок нигаронида шуда, мақсади он таъмини рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Он инчунин ба тавозуни рушди иқтисодӣ ва беҳдошти муҳити зист равона мегардад. Аслан, иқтисодиёти анъанавӣ давоми даҳсолаҳои охир ҳангоми истеҳсоли молу маҳсулот ба муҳити зист бештар дар шакли партовҳо таъсири манфӣ мерасонад, лекин рушди иқтисоди «сабз», баръакс партовҳои истеҳсолиро ба занҷираи нави истеҳсолӣ баргардонида, хатарҳои экологиро ба муҳити зист камтар менамояд.
Имрӯз аксарияти мамлакатҳои рушдкардаи иқтисодӣ ҳангоми арзёбии рушди иқтисодиёт омилҳои экологиро дар мадди аввал гузошта, таъсири манфӣ нарасониданро ба муҳити зисти одамон омили асосӣ мешуморанд. Ин аст, ки давоми даҳсолаҳои охир мавзуи рушди иқтисодиёти «сабз» аз ҷониби олимону коршиносони сатҳи баланд дар форуму ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ садо медиҳанд ва роҳбарони аксар мамлакатҳо ба ин мавзуъ диққати махсус медиҳанд.
Президенти Тоҷикистон низ чандин маротиба аз минбарҳои баланд оид ба ин мавзуъ суханронӣ намуда, иқтисоди «сабз» ва истеҳсоли энергияи камхарҷу аз нигоҳи экологӣ тозаро ҳамчун омили муҳимми рушди иқтисодиёт ва истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, алалхусус гидроэнергетика ва шаклҳои алтернативии он (энергияи обӣ, офтобӣ, шамолӣ), нақлиёти бо қувваи барқ ҳаракаткунанда, сӯзишвории биологӣ ва амсоли инҳоро барои рушди иқтисодиёти мамлакатҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар бораи рушди иқтисоди «сабз» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 иброз намуданд, ки «бо мақсади истеҳсоли энергияи «сабз», рушди иқтисоди «сабз» ва паст намудани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ шаванд».
Амалӣ намудани ин иқдом ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, бахусус рушди соҳаи энергетикӣ, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, махсусан туризми экологӣ, ки ҳамчун соҳаи камхарҷу сердаромад шинохта шудааст, мусоидат намуда, ба сохтмони босуръати иншооти табобатӣ-маишӣ, базаҳои сайёҳӣ ва ташкилоти тандурустӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ имконияти мусоид фароҳам меорад. Барои ин дар ҷумҳурӣ базаи институтсионалӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтори бозорӣ ва амсоли инҳо фароҳам оварда шудааст. Ин ҷо мақомоти дахлдори давлатию маҳаллӣ ва ширкатҳои ватаниро зарур аст, ки дар таблиғи сайёҳии ватанӣ бештар диққат дода, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва истеҳсолу фурӯши обҳои нӯшокии худӣ ва дигар хизматрасониро тақвият бахшида, ба ҷалби бештари сармояҳо, аз ҷумла сармояҳои мустақими хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам оранд.
Самти муҳими иқтисоди «сабз» — ин сармоягузориҳо ба истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва қувваи барқ буда, ояндаи наздик ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти мамлакат табдил меёбад, ки бо самаранокии баланди энергетикӣ ва таъсири камтар ба муҳити зист равона мешавад. Ҷумҳурии мо аз нигоҳи иқтидори энергияи барқароршавандаи аз нигоҳи экологӣ тоза, ба мисли сохтмони НБО-ҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал меистад. Тибқи баҳои коршиносон, иқтидори захираҳои гидроэнергетикии ҷумҳурии мо 527 млрд квт соат арзёбӣ гардида, зиёда аз 300 млрд квт соати он аз нигоҳи техникӣ-экологӣ дастрас мебошад.
Илова бар ин, дар мамлакати мо рӯзҳои офотобӣ дар муқоиса бо дигар мамлакатҳо хеле зиёд буда, имконият медиҳад, ки дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ сохтмони неругоҳҳои барқи обиии хурду миёнаи шамолӣ (бодӣ) ба роҳ монда шавад, ки дар ҳолати истифодаи самараноки он истеҳсоли энергияи барқароршавандаи аз нигоҳи экологӣ тозаю камхарҷро соҳиб мегардем. Ин ҷо як нукта муҳим аст, ки «сабзгардонӣ» ва экологикунонии бахши энергетикӣ яке аз самтҳои рушди иқтисоди «сабз» буда, ҳамчун унсури муҳимми нигоҳдории бехатарии энергетики байналмилалӣ эътироф гардидааст. Ба ин раванд буҳрони молиявии ҷаҳонии соли 2008 ва буҳронҳои солҳои охир такони ҷиддӣ бахшида, дар тақсимоти захираҳои барқароршавандаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ бозидааст. Ва мамлакатҳои рушднамудаи иқтисодӣ дар шароити муосир ба манбаъҳои энергетикии алтернативӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ ва энергияи барқароршаванда бештар такя менамоянд.
Аз гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки амалисозии бартарияти энергетикӣ ва иқлимӣ хатарҳои экологиро ба муҳити зист паст намуда, самаранокии истифодаи энергия, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, партовҳои газҳои гулхонаӣ ва ҳаҷми ифлосиҳоро ба муҳити зист кам менамоянд. Ҳамаи ин далелу рақамҳо гувоҳи он аст, ки дар даҳсолаҳои наздик мамлакати мо метавонад ба дастовардҳои калон дар ин самт ноил гардад. Ва ин нукта ҳам дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле возеҳу равшан баён гардида, ташкили бозори минтақавии энергетикӣ (сохтмону истифодаи неругоҳҳои барқӣ ва хати интиқоли қувваи барқи CASA-1000)-ро дастоварди бузурги ҷумҳурӣ дар ин самт номиданд. Имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар мамлакати мо 98%-ро ташкил медиҳад, ки истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи он ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва рушди иқтисоди «сабз» мусоидат менамояд.
Самти дигари рушди иқтисоди «сабз»- ин истифодаи самараноки иқтидори захиравӣ-табиӣ, пеш аз ҳама, захираҳои замину об дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Таҷриба нишон медиҳад, ки натиҷаи истифодаи нодурусти захираҳои замини кишоварзӣ, бахусус заминҳои обӣ ва риоя нагардидани қоидаҳои агротехникӣ-мелиоративӣ дар баъзе мавридҳо боиси харобшавӣ ва аз гардиши кишоварзӣ боз мондани заминҳои кишоварзӣ мегардад. Масалан, дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар майдони зиёда аз 9% заминҳои обӣ баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, 17% маъданнокии обҳои зеризаминӣ, 7% шӯрашавии заминҳо ва дар зиёда аз 5%-и заминҳои дорои аҳамияти кишоварзӣ равандҳои эрозияшавӣ мушоҳида мешаванд. Зарари иқтисодӣ аз ҳар гектар замин бо воҳиди пулӣ ба ҳисоби миёна 1093 сомониро ташкил медиҳад ва вазъи экологии заминҳои кишоварзӣ ба пастшавии ҳосилхезии заминҳои кишт ва ифлосшавии муҳити зист оварда мерасонад. Ва ба андешаи Президенти мамлакат маҳз механизми дурусти танзими экологӣ-иқтисодии истифодаи захираҳои замини кишоварзӣ метавонад бозори дохилии ҷумҳуриро бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намуда, ба содироти иловагии онҳо мусоидат намояд.
Дар шароити кунунӣ амалӣ намудани ин иқдоми Президенти Тоҷикистонро мо метавонем аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ таъмин намуда, барои ташкил ва рушди боғпарварӣ ва истеҳсолоти баландсифати маҳсулоти кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам орем. Аз рӯйи пешгӯиҳои коршиносон, ин заминҳо зиёда аз 22,5%-и заминҳои кишти кишоварзиро, ки дар баландии аз 800-2500 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд, ташкил медиҳанд, ки байни минтақаҳои ҷумҳурӣ чунин тақсим шудаанд. Қисмати зиёди ин заминҳо — 35,9% ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 29,9% ба минтақаи Хатлон, 29,6% ба минтақаи Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,6% рост меояд, ки бо ҷалби ками сармояҳо метавон истеҳсоли маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тозаро ба роҳ монда, барои таъмини дарозумрии аҳолии мамлакат шароити мусоидат фароҳам овард.
Ин нукта ҳам дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хуб баён гардид ва ин ҳам яке аз ҳадафҳои асосии рушди иқтисоди «сабз» мебошад.
Агар ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза назар афканем, аз рӯйи ҳисобу китоби коршиносону мутахассисон, қонеъгардонии талаботи зиёда аз 9 миллиард нафар аҳолии кураи Замин то солҳои 2050 ба яке аз масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал мегардад. Агар ба таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ назар афканем, дар ҷумҳурии мо дар 25 соли охир (1998-2023) афзоиши аҳолӣ ба 4,6 млн нафар баробар мебошад. Аз рӯйи пешгӯиҳои коршиносон, бо чунин раванди афзоиш то соли 2025 аҳолии ҷумҳурӣ ба 12 млн нафар мерасад, ки ба масъалаи таъмини бехатарии озуқаворӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бетаъсир намемонад. Ҳалли ин масъала бо назардошти ояндабинӣ зарурати воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва таъмини аҳолии мамлакатро бо озуқаи ватанӣ ба миён меорад. Дар ин маврид ҳам Сарвари давлат якчанд маротиба таъкид намуда, рӯёнидани 2-3 ҳосил аз ҳар як гектар замини обиро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ таъкид намуданд, ки ин ҳам ишора ба ҳалли яке аз се ҳадафи асосии сиёсати иқтисодии давлат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза мебошад.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки самаранокии истифодаи иқтидори захиравӣ-табиии минтақаҳои ҷумҳурӣ унсури муҳимми истиқлоли озуқаворӣ ва бехатарии иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Ба маънои дигар, инро метавон маҷмуи муносибатҳои иқтисодӣ-иҷтимое номид, ки ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ мутобиқи меъёру миқдор ва сифати баланди маҳсулот мусоидат менамояд. Бехатарии озуқаворӣ дар ин маврид ба чунин унсурҳо, ба мисли миқдори кофӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, мувофиқати он ба вояи хӯрок, миқдори маводи ғизоӣ бо мавҷудияти намаки ёддор ва ба саломатии одамон безарар ва амсоли инҳо такя менамояд. Аз ин лиҳоз, дар минтақаҳои ҷумҳурӣ зарур аст, ки низоми хуби аз нигоҳи илмӣ асоснокнамудаи ташкилӣ-иқтисодӣ, рушди бозори дохилии озуқаворӣ, шароити хуби таъмини маҳсулоти озуқавории босифат ва беҳтаршавии вазъи зиндагии аҳолиро ба роҳ монем.
Гуфтан ба маврид аст, ки норасоии оби нӯшокӣ низ имрӯз ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Аз рӯйи маълумоти омории ҷаҳонӣ, то солҳои 2030 масъалаи қонеъгардонии талаботи солонаи аҳолии кураи Замин бо оби нӯшокӣ ва дастрасии он аз сарчашмаҳо ба масъалаи муҳими ҳастӣ табдил меёбад. Аз ҷониби дигар, эҳтимоли беҳдошти вазъи санитарию гигиении зиёда 2,6 млрд аҳолии кураи Замин дар назар дошта шудааст. Имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 884 млн нафар аз истифодаи обҳои нӯшокӣ танқисӣ мекашад. Амалӣ намудани ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои байналмилалии истифодаи об ва ҳифзи пиряхҳо низ яке аз самтҳои муҳимми рушди иқтисоди «сабз» ба ҳисоб рафта, барои беҳдошти вазъи обҳои тозаи нӯшокӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ созгор мебошад.
Як нуктаро бояд ёдрас намуд, ки истифодаи самараноки партовҳои истеҳсолӣ ва экологикунонии ҷараёни истеҳсолот яке аз самтҳои амалисозии иқтисоди «сабз» ба ҳисоб рафта, ҳамчун унсури муҳимми беҳдошти муҳити зист мебошад. Дар иҷлосияи 70-уми Созмони Милали Муттаҳид, ки 20-28 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаи партовҳои гази карбонат ба фазо дар байни мамлакатҳое, ки камтарин ҳаҷми партовҳои газҳоро доранд, ҷойи 135-ро соҳиб мебошад. Ин партовҳо ба ҳар сари аҳолӣ рақамеро ташкил медиҳанд, ки аз нишондиҳандаи миёнаи дунё ба маротиб камтар мебошад. Аз ин хотир, рушди иқтисоди «сабз»-ро Президенти Тоҷикистон ҳамчун роҳи мубориза бо истифодаи самараноки партовҳои истеҳсолӣ, тағйирёбии иқлими сайёра ва самтҳои ояндаи баромадан аз буҳрони ҷаҳонии молиявӣ-иқтисодӣ изҳор доштанд.
Ба андешаи мо, дар сурати ҳалли дастҷамъонаи рушди сифатан нави иқтисоди «сабз», ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид, дар заминаи технологияи нави аз нигоҳи экологӣ тоза, рушди соҳаи кишоварзии органикӣ, самаранокии баланди энергетикӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, рушди инфрасохтори бозорӣ, кам намудани партовҳои истеҳсолӣ ба муҳити зист ва чуноне, ки Президенти ҷумҳурӣ иброз намуданд, шинонидани дарахтон дар макони зист, кӯчаҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳои ҷумҳурӣ, инчунин истифодаи нақлиёти экологии тоза метавонем вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакатро беҳтар намоем.
Эмомалӣ ШЕРАЛИЕВ,
дотсенти кафедраи молияи
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ
АКС аз манбаъҳои боз