Ба шаҳри Хуҷанд 9 нақлиёти нави партовкашон ворид гардид

Январь 3, 2024 18:12

ДУШАНБЕ, 03.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-и шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2-юм ба Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» 9 нақлиёти нави партовкашон ва 54 мошин ворид гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд.

Раиси вилояти Суғд роҳбарияти шаҳр ва Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-ро даъват намуд, ки барои боз ҳам тозаву обод намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҷаҳд намоянд. Пайваста бо мардум дар иртибот шуда, баҳри беҳтар намудани хизматрасонӣ ва вазъи экологии шаҳри Хуҷанд тадбирҳо андешанд.

Тазаккур дода шуд, ки бо васеъ гардидани ҳудуди аҳолинишини шаҳр, бунёд шудани хонаҳои баландошёна, корхонаҳои нави саноатӣ ва хонаҳои шаҳрвандон талабот ба хизматрасонии коммуналӣ афзуда, партовҳои сахти маишӣ зиёд мешаванд. Бо назардошти ин омил роҳбарияти шаҳр ҷиҳати сари вақт аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр гирифтани партовҳо ва ободу зебо намудани он чораҳоро амалӣ менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-и шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2-юм дар назар аст, ки  Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» нақлиёти махсус ва механизмҳо, контейнерҳо ва лавозимоти корӣ, таҷҳизоти коркарди партовҳо ва васеъкунии майдони партовгоҳ харида, нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳои сахти маиширо барқарор намояд.

Дар доираи ин лоиҳа то охири соли равон ворид гардидани 7 техникаи дигари партовкашон пешбинӣ шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Январь 3, 2024 18:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд