Бар асари борони шадид дар Бразилия 11 нафар ҳалок гардид
ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари борони шадид дар Рио-де-Жанейро 11 нафар ҳалок шуданд. Тавре ки Маркази мониторинги оперативии шаҳрдорӣ рӯзи якшанбе хабар дод, роҳҳои асосии шаҳр зери об монда, кори нақлиёти рӯизаминӣ ва метро қатъ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Ҳокими шаҳр Эдуарду Паис дар шаҳр вазъияти фавқулода эълон намуд.
Хадамоти мудофиаи шаҳрвандӣ, ки ба он дар Бразилия наҷотдиҳандагон дохил мешаванд, дар бораи 30 шоҳроҳи зери обмонда ва ҳолатҳои қатъи барқ хабар медиҳад. Ҳамин тавр, дар ноҳияи шимолии шаҳр яке аз беморхонаҳо бе барқ мондааст.
Ҳамчунин наҷотдиҳандагон аз хатари хеле баланди ярчфароӣ дар минтақаҳои дорои релефи мураккаби маҳал, ки дар онҳо аҳолӣ хеле зич ҷойгир аст, огоҳ менамоянд. Ба сокинон тавсия дода мешавад, ки ба тахлияи фаврии эҳтимолӣ омода шаванд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






