БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҷавонон бояд баҳри тақвияти ҳисси худшиносӣ осори пурғановати олимону адибони барҷастаи тоҷикро мутолиа намоянд

Январь 3, 2024 08:38

ДУШАНБЕ, 03.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад. Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Зафари Шариф ҳамсуҳбат гардид.

Ҳамсуҳбати мо таъкид намуд, ки баҳри тақвияти ҳисси худшиносиву хештаншиносӣ ҷавонон, пеш аз ҳама, бояд осори пурғановати олимону адибони барҷастаи тоҷикро мутолиа намоянд.

«Аз ҷумлаи беҳтарин осор дар ҷодаи тарбияи ҷавонон асарҳои пурғановати Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон- ояндаи миллат», «Аз Ориён то Сомониён», «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Истиқлолият-неъмати бебаҳо», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» мебошанд, ки ба зеҳну шуури ҷавонон, бешак таъсири мусбат мерасонанд», -изҳор дошт Зафари Шариф.

Гуфта шуд, ки тамоми паёмҳои Президенти Тоҷикистон саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, онҳо ҳуҷҷати сабзи ормонҳои мардуми тоҷик — яке аз миллатҳои қадимтарини дунё бо таърихи беш аз шашҳазорсола, аз давраҳои бостон соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда мебошанд.

«Пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аз ҷавонон вобастагии амиқ дорад, зеро ҷавонон неруи тавоно ва созандаи давлату миллат маҳсуб мешаванд. Вобаста ба ин зарур аст, ки дар интихоби касб, бунёди оилаи намунавӣ, муносибати неку содиқона ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барои дарёфти мавқеи устувори шаҳрвандӣ кӯшиш ба харҷ диҳем»,- иброз дошт мавсуф.

Ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ неруи тавонову пешбарандаи ҳаёти ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобастагии амиқ дорад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар замири ҷавонон ташаккул додани сифатҳои волои созандагиву бунёдкорӣ як силсила асноди муҳим қабул намудааст, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти озодона ва ибтикори онҳо нигаронида шудаанд.

«Мо, ҷавонон дар замоне фаъолият дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ ҳамарӯза хавфу таҳдидҳои навро густариш медиҳад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 16 Қонуни конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2013»-ро қабул намуд, ки барои боз ҳам тақвият бахшидани зиракии сиёсии ҷавонон тадбири саривақтӣ буд», -афзуд ў.

Зафари Шариф  тазаккур дод, ки моро мебояд фаъолияти худро ба боз ҳам шукуфову гулафшон гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона намуда, бо иродаи қавӣ ва аз сидқи дил хизмат намоем. Ҷавонони хушбахту саодатманд — пайравони асилу ҳамешагии Пешвои миллат бояд барои ҳифзи якпорчагӣ ва таҳкиму пойдории Истиқлоли давлатӣ, ободиву озодии ин сарзамини зархез, ки номаш Тоҷикистон аст, аз сидқи дил, бо тамоми ҳастиву тавоноӣ саъю талош варзанд.

Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати тоҷикон буда, Президенти Тоҷикистон аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар марҳилаҳои рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», консепсияву стратегияҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, қабул ва амалигардонии якчанд барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқоти пайвастаи Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, амалӣ намудани як силсила ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсис ва баргузории ҷаласаи нахустини Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз таҷҳизоти муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар ҷавони саодатманди мамлакат мебошад.

Ҷавобан ба иқдому ибтикор ва талошҳои пайгиронаи ин абармарди беназири майдони сиёсат насли ҷавони Тоҷикистон, махсусан ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд бояд тамоми неру ва тавоноии хешро баҳри рушди устувори Ватани хеш-Тоҷикистон, татбиқи босамари дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, пос доштани таъриху тамаддун ва арзишҳои миллӣ, дастовардҳои давраи Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллию суботу осудагии ҷомеа равона намуда, зимнан онро ба наслҳои оянда мерос гузоранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 3, 2024 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид
Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш баргузор гардид
Татяна Москалкова бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд
Байни вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Масъалаи табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор мегардад
IRS: Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд
Татбиқи лоиҳаи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид