Бо мақсади омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон дар Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ҳамоиш баргузор шуд

Январь 10, 2024 17:41

ДУШАНБЕ, 10.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» дар мавзуи «Самтҳои муҳимтарини сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин барномаву ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумат ва роҳбарияти мамлакат пешниҳод мегардад. Президенти мамлакат дар назди кормандони соҳаи маориф ҳамасола масъалаи тайёр намудани мутахассисони боихтисос ва ба замони муосир мувофиқ, истифодаи босамари усулҳои пешқадами таълим ва навгониҳои илму техника, ҷалби хонандагон ба касбомӯзӣ ва рушди фанҳои дақиқ ва дар баробари ин наздик шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳониро мегузорад. Ин аз мо тақозо менамояд, ки пайваста дар роҳи омӯзиши илм талош варзида, мамлакати худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.

Масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, суръат бахшидан ба бунёдкориву созандагӣ, рушду инкишофи илму маорифи миллӣ, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, таҳкимбахшии мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати дурусту оқилонаи хориҷӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки иштирокдорон барасӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш пешниҳоду дархости аҳли нишаст шунида шуда, доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи нишондиҳандаҳои он дар ҳаёти ҷамъиятӣ байни иштирокчиён табодули афкор доир гардид.

АКС: Академияи идоракунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 10, 2024 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад