Боз даҳ иловаи муфид: «MeгаФон Life» мавқеи худро ҳамчун муфидтарин SuperApp дар Тоҷикистон таҳким бахшид
ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар замимаи мобилии «МегаФон Life» зиёда аз 10 функсияи нав пайдо шуд. Ба туфайли ин SuperApp-и ширкати МегаФон Тоҷикистон ба яке аз замимаҳои бештар боргиришаванда ва шояд фаъолтарин дар ҷумҳурӣ табдил ёфтааст.
«МегаФон Life» ҳамасола бо функсияҳои нав пурра мешавад, вале соли 2023 онҳо аз интизориҳои корбарон ҳам бештар буданд. «МегаФон Тоҷикистон» дар сафи аввалинҳо ба истифодабарандагон имкон дод, ки ҳаққи хизматрасониҳои давлатӣ ва маблағи харидҳоро дар «Ҳамён»-и замима тариқи QR-и ягона пардохт намоянд. Барои харидани чиптаҳо ба кино, театр ва намоишгоҳҳо қисми «Таблиғот» пайдо шуд. Оператор якҷоя бо Fly.tj хизматрасонии бронкунӣ ва пардохти чиптаҳои ҳавопайморо бо имкони интихоби ширкати ҳавопаймоӣ, хатсайр ва дараҷаи ҷойҳои мусофирон ҷорӣ намуд. Дар дохили шаҳри Душанбе хизматрасонии нави «Дорухона» барои фармоиш додани доруворӣ ва молҳои тиббии зарурӣ бо расонидан ба хона фаъолият дорад. Акнун метавонем бевосита дар замима аз «Пардохти боваршуда» истифода бурда, дар алоқа бимонем ва дар сурати нарасидани маблағ, оператор суратҳисоби муштариро ба маблағи аз 1 то 150 сомонӣ пур менамояд. Он бояд давоми 24 соат баргардонида шавад.
Имконияти аллакай маълуми «МегаФон Лайф» — интиқоли маблағҳо, гирифтани қарзи «Орзу» то 50 ҳазор сомонӣ, пардохти ҳаққи хизматрасониҳои ХМК дар саросари ҷумҳурӣ маҳсуб мешаванд. Ҳатто функсияҳои чандин сол амалкунанда низ мукаммалтар мешаванд. Ҳамин тариқ, имсол кормандон-мушовиронро дар замима чат-боти ҳушёри Dono AI, ки дар асоси технологияҳои зеҳни сунъӣ кор менамояд, иваз намуд. Натиҷа он аст, ки муштариён ба саволҳои намунавӣ дар як лаҳза ҷавоб мегиранд ва аз интизории навбати худ озод мешаванд. Хизматрасонии маъмулии интиқоли маблағ низ рушд менамояд, аз ҷумла шумораи мамлакатҳое, ки дар онҳо ин хизматрасонӣ барои корбарони «МегаФон Life» дастрас аст, бештар мегардад.
«Мо ба сокинони Тоҷикистон дар ҳалли даҳҳо масоилу мушкилоти ҳаррӯза тавассути смартфон кумак менамоем. Гузашта аз ин, хизматрасонии молиявию техникӣ дар замима пайваста рушд менамояд. Ба туфайли ин, давоми 12 моҳ шумораи истифодабарандагони «Ҳамён»-и замимаи «МегаФон Life» то 50% зиёд шуда, ҳаҷми пардохтҳо тариқи «Ҳамён» дар ҳаҷми 96%, яъне қариб ду баробар афзуд. Дар баробари такмилдиҳии «МегаФон Life» мо кӯшиш дорем, ки онро ба воситаи гуногунвазифа ва ёвари мувофиқтарин табдил диҳем»,- гуфт роҳбари самти хизматрасониҳои молиявии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Зебуниссо Эргашева.
Боргирии замимаи «МегаФон Life» бо суроғаи ссылке.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






