Дар «Амонатбонк» ба ифтихори 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ҳамоиш доир гардид

Январь 18, 2024 17:18

ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо иштироки кормандони бонк ва донишмандон ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».

Иштирокдорони ҳамоиш нахуст филмномаеро тамошо намуданд, ки аз  зиндагинома ва фаъолияти аллома Бобоҷон Ғафуров ҳикоя менамуд.

Таъкид шуд, ки академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанги миллат мебошад, ки барои ташаккул додан ва ташвиқу тарғиби тамаддуни мардуми тоҷик хизматҳои шоён намудааст.

Гуфта шуд, ки нақши модари  Бобоҷон Ғафуров -шоираи тоҷик  Розияи Озод дар тарбия ва ба камол расонидани фарзонафарзанд ва Қаҳрамони миллати тоҷик басе арзишманд  мебошад.

Инчунин иштирокдорони ҳамоиш роҷеъ ба китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ибрози  назар намуда, нақши китобро дар муаррифии таърихи миллати  тоҷик муҳим арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки  китоби «Тоҷикон» оинаи тамаддуни миллати тоҷик, хазинаи бебаҳои таърихи ниёгон ва шуҷоату бузургии тоҷиконаи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки муҳимтарин сарчашмаи илмию таърихии миллати тоҷикро барои наслҳои имрӯзу фардо баррасӣ намудааст.

Бобоҷон Ғафуров бо чопи ин шоҳасар исбот намуд, ки тоҷикон дорои таърихи бой, гузаштаи  пурифтихор ҳастанд ва ниёзе ба таърихи сохтаю бофта ё таҳрифи таърих надоранд.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-ро «шиносномаи миллат» ном бурдаанд. Ин асар барҳақ китоби рӯйимизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад, ки барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст.

Китоб имрӯз ба хонадони ҳар тоҷикистонӣ чун туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ки мондагортарин заҳмати фарзанди фарзонаи миллат ба халқу мамлакат мебошад.

    АКС: «Амонатбонк»

Январь 18, 2024 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст