Дар Берлин маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва зарфияти иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад

Январь 24, 2024 09:57

ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 январ дар маркази намоишгоҳҳои Берлин «Messe Berlin» Намоишгоҳи 88-уми байналмилалии маҳсулоти кишоварзӣ «Ҳафтаи байналмилалии сабз» (International Green Week) оғоз гардида,  то  28 январ идома меёбад. Дар  ин намоишгоҳ   маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва зарфияти иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон муаррифӣ мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад.

Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, даъвати Вазорати федеролии  озуқа ва кишоварзии Олмон, ҳамчунин бо мусоидати Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ таъмин гардид.

Ҳайати мамлакат таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, роҳбарияти вазорату идораҳои марбута ва намояндагони бахши хусусӣ дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.

18 январ бо даъвати Вазири федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон Ҷем Ӯздемир ҳайати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи расмии Форуми ҷаҳонӣ оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ (Global Forum for Food and Agriculture) ва  Намоишгоҳи байналмилалии “Ҳафтаи сабз-2024” (IGW) иштирок намуд.

Дар гӯшаи миллии Тоҷикистон маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, молу маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ, ҳамчунин нигораҳо аз гӯшаҳои табиати зебои мамлакат ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯриҳои дуҷонибаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD), Пажуҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти сиёсати ғизо (IFPRI), ширкати олмонии “BayWa” ва дигар шахсони расмӣ танзим гардид.

20 январ дар Берлин таҳти роҳбарии Вазири федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон Ҷем Ӯздемир Конфронси 16-уми вазирони кишоварзӣ зери унвони “Низомҳои озуқавории оянда: якҷоя барои ҷаҳони бе гуруснагӣ” баргузор гардид, ки дар он 65 вазири кишоварзӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд.

Аз натиҷаи конфронс изҳорот қабул гардид.


Бояд гуфт, ки ин намоишгоҳ соли 1926 таъсис ёфта, ҳамасола дар шаҳри Берлин таҳти унвони “Ҳафтаи байналмилалии сабз” баргузор мегардад.

Имсол “Ҳафтаи байналмилалии сабз” маротибаи 88-ум бо масоҳати умумии беш аз 118 000 метри мураббаъ доир шуда, дар он 1400 намоишгар аз 61 кишвари мухталиф маҳсулоти гуногуни озуқаворӣ, ҳайвоноти хонагӣ, чорвои калон, мошинҳои кишоварзиро намоиш медиҳанд. Намоишгоҳро тақрибан 300 000 нафар тамошо менамоянд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Олмон

Январь 24, 2024 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд