Дар Чин се нафар бар асари таркиши газ дар корхона ба ҳалокат расид

Январь 12, 2024 11:26

ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи таркиши газ дар корхонаи истеҳсоли витаминҳо дар музофоти Футсзян дар шарқи Чин се нафар ба ҳалокат расида, се тани дигар захмӣ шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии иттилоотии «Синхуа» хабар додааст.

Тибқи маълумоти агентӣ, ҳодисаи фавқулода субҳи рӯзи панҷшанбе тақрибан соати 09:00 ба вақти Пекин дар ноҳияи Хайтсани шаҳри Сямэн (маркази маъмурии минтақа) рух дод. Тибқи маълумоти пешакии тафтишот, таркиш дар зарфи тозакунии обҳои партов ҳангоме, ки коргарон болои он панҷара насб менамуданд, ба амал омадааст.

Полис тафсилоти ҳодисаро муайян менамояд ва тафтиш идома дорад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 12, 2024 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд