Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои Федератсияи гӯштини миллӣ дар соли 2023 доир гардид

Январь 17, 2024 13:57

ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри  Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои Федератсияи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» -и Тоҷикистон дар соли 2023 доир гардид, ки зимни он беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд.  Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  хабар медиҳад.

Ҳалим Набизода -Корманди беҳтарини Федератсияи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» -и Тоҷикистон дар соли 2023 интихоб шуд.

Шуъбаи доварон Шуъбаи беҳтарини Федератсияи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» -и Тоҷикистон  дар соли 2023 гардид.

Федератсияи минтақаи Кӯлоб — Беҳтарин федератсияи минтақа дар соли 2023 интихоб гардид.

Муассисаи давлатии ТВ «Варзиш» — Беҳтарин ВАО дар соли 2023 дониста шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе — Беҳтарин сарпарасти соли 2023 интихоб гардид.

Баҳодур Ҳалимов -Довари беҳтарини  соли 2023 интихоб шуд.  Сафаралӣ Баротов Беҳтарин мураббии соли 2023 дониста шуд.

Наврӯзи Каримзод- Беҳтарин варзишгари соли 2023 оид ба намуди гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» -и Тоҷикистон   дониста шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 17, 2024 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд