Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе доир ба аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамоиш баргузор гардид

Январь 22, 2024 15:59

ДУШАНБЕ, 22.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Аҳамияти омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин коллеҷ хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш иштирокчиён дар бораи ташаббусҳои беназиру мондагори Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар ин самт ва боз ҳам баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Гуфта шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри таҳсили донишомӯзон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷавонон ҳамчун қишри фаъолу ояндасози ҷомеа эътироф шуданд.

Дар фарҷом иштирокдорон атрофи мавзуъҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Январь 22, 2024 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон