Дар моҳи феврал сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои моҳи феврали соли 2024 ба ҳавои моҳи феврали соли 2023 монанд мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо аз меъёри иқлимӣ 1-4 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 3-5 дараҷа сардӣ дар назар аст. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.
Дар ин давра дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-4 дараҷа хунук пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 1+3 дараҷаро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 3+8 то 8+13 дараҷа гарм, рӯзона аз 9+14 то 19+24 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4+9 то 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии кӯтоҳмуддати ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона то 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона то 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук 3 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-3 дараҷа хунук пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 3+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1-3 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 2+7 рӯзона аз 6+11 то 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1-6 то 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии кӯтоҳмуддати ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 2-7 дараҷа хунук, рӯзона то -2+3, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд пешгӯӣ мешавад.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-3 дараҷа хунук пешгӯӣ шуда, аз 4 дараҷа хунук то 3 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз -2+3 то 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 2+7 то 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии кӯтоҳмуддати ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона 10-15 ва рӯзона то 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд дар назар дошта шудааст. Давоми моҳ рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 1-3 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, 10-11 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 9-14 то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона аз 2-7 то 7-12 дараҷа хунукӣ ва рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда, шабона то 25-30 ва рӯзона то 11-16 дараҷа хунук мешавад.
Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид






