Дар Шаҳринав оид ба раванди ислоҳоти кишоварзӣ ва рушди низоми агроозуқаворӣ машварат доир гардид
ШАҲРИНАВ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав барои роҳбарону мутахассисони хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар мавзуи «Раванди ислоҳоти кишоварзӣ ва ноилшавӣ ба афзалияти миллӣ дар рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор» машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Дар машварат масъулони Вазорати кишоварзӣ, олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавзуъҳои «Технологияи парвариши зироати сабзавотӣ ва картошкаи барвақтӣ дар заминҳои кушод ва гармхонаҳои доимӣ», «Технологияи бунёди боғу токзор ва лимӯхонаҳои замонавӣ, парвариш, башаклдарорӣ ва аҳамияти иқтисодии парвариши онҳо», «Татбиқи принсипи муборизаи маҷмуавӣ бар зидди ҳашароти зараррасон ва дигар тадбирҳои агротехникӣ ва кам намудани таъсири манфии он ба иқлим», «Технологияи муосири парвариши чорвои гӯштӣ, ширдеҳ, майдаи шохдор. Нигоҳдорӣ, истифода ва беҳдошти устувории ҳолати чарогоҳҳо» маъруза намуданд.
Мутахассисони идораи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилоту идораҳои гуногуни соҳавӣ аз ин машварати омӯзишӣ дониши назариявии соҳавӣ ва таҷрибаи амалӣ гирифтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






