Дар шимоли Фаронса қариб 1,5 ҳазор нафар аз сабаби обхезиҳо бе барқ мондаанд
ДУШАНБЕ, 04.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 1,5 ҳазор истеъмолкунандагон дар департаменти Па-де-Кале дар шимоли Фаронса аз сабаби обхезии шадид бе барқ мондаанд. Дар ин хусус агентии «Kazinform» бо истинод ба агентии ТАСС иттилоъ медиҳад.
1450 истеъмолкунанда бе барқ мондаанд, ишора гардидааст дар матн.
Тибқи маълумоти идора, 2,1 ҳазор сокинон барои истифодаи об аз обанбор бо маҳдудият рӯ ба рӯ шуданд. Дар робита ба ин мақомот тақсими обҳои шишагинро ташкил намуданд.
Вазири корҳои доҳилии Фаронса Жералд Дарманен барои бартараф намудани оқибатҳои обхезиҳо 120 наҷотдиҳандаро ба минтақа фиристод. Баъзеи онҳо аллакай ба кор оғоз намудаанд.
Па-де-Кале дар чанд моҳи охир бо обхезиҳои шадид, ки аз сабаби бориши зиёд ва мавҷҳои баланд ба вуҷуд омадаанд, рӯ ба рӯ шудааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: pixabay.com








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






