Дар Синтзян, дар шимолу ғарби Чин заминларза бо қувваи 7,1 балл рух дод
ДУШАНБЕ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи сешанбе, соати 02:09 ба вақти Пекин дар ноҳияи Ушии минтақаи Оқсуи вилояти мухтори Синтзяни Уйғур, воқеъ дар шимолу ғарби Чин заминларза бо қувваи 7,1 балл рух дод, хабар додааст маркази зилзилашиносии Чин. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа» иттилоъ медиҳад
Маркази таконҳои зеризаминӣ дар 41,26 дараҷаи шиддати шимолӣ ва 78,63 дараҷаи дарозии шарқӣ қарор дошта, маркази манбаи заминларза дар умқи 22 км ҷойгир будааст. Инчунин пасларзаҳо бо шиддати то 5,3 балл сабт шудаанд.
Дар бораи ҳалокшудагон то ҳол маълумот дода нашудааст.
Таконҳои зеризаминии шадид дар ноҳияҳои Хотан ва Қошӣ (Қошғар), инчунин дар шаҳри Урумчӣ эҳсос шудаанд.
АКС: «Синхуа








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






